Нашрияи Омӯзгор

Маро бубахш, писарам…

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Модар бо ду дидаи пуроб, бо дилу ҷигари садпораву олудаи ғаму изтироб роҳ мерафту бо андешаҳои пурпеч пешомадҳои гуногуни ин рафторашро аз тарозуи ақл бармекашиду зиёд азоби рӯҳӣ мекашид. Охир, кадом модар бо ду дасти адаб ҷигарбандашро ба дасти полис медиҳад? Минбаъд чӣ тавр ба рӯи писарам нигоҳ мекунам?

Ӯ бо ин фикрҳои пурпечи ҷигарсӯзи худ чӣ тавр ба шуъбаи корҳои дохилӣ расиданашро нафаҳмид. Навбатдори шуъба модари ғамолудаи беҳолу бемадорро ба дохили бино дароварда, ба курсӣ шинонид. Модар ором шуда наметавонист, мегиристу мегирист. Тамоми ҷисми ӯ аз кадом изтироби пурдаҳшат меларзид. Пиёлаи обро бардошта натавониста оҳиста ба ҷояш гузошт. Ӯро ғами фарзанд, рафтору кирдори нобахшидании писари 22- солааш ба ин ҳолат оварда.

-   Биёед, шуморо назди сардор барам, - гуфт навбатдор.

Модар оҳиста аз ҷой хесту бо ӯ  ба назди сардори шуъбаи корҳои дохилӣ даромад. Сардор модарро бисёр хуш қабул кард, наздаш нишаста аҳволпурсӣ намуд. Модар қадре худро ором карда гуфт:

- Писарам, шояд ин рафтори маро ҳар кас ҳар хел маънидод кунад, лекин ман барои он омадам, ки фарзандамро, дилу ҷигарамро аз марг наҷот диҳам. Охир, кадом модар мехоҳад, ки фарзанди бо азоб калонкардааш туъмаи аждаҳорони худобехабару шайтонҳои ин замон гарданд. Гап дар сари он ки чанд вақт боз писарам Шодӣ ба воситаи телефону интернет шаби дароз бо шахсони номаълум гап зада, чӣ нақшае кашида истодааст. Дирӯз оҳиста ба ҷиянам гуфтам, ки телефонашро як бор пинҳонӣ хабар гирад, маълум шуд, ки дар бораи чӣ тавр ба Сурия рафтан нақша мекашидаанд. Сулаймон ном ҷавон пагоҳ ба ӯ пул равон мекардааст. Модар бо овози ларзон инро гуфту гиряро сар дод. «Худозадаҳо магар аз хуни ҷавонҳо сер нашуданд, ки боз писарони моро ба коми худ  мекашанд», - гӯён дуои бадкунон бо дард ба гиря даромад. Сардор модарро боз ором карду ба ӯ фаҳмонд, ки ин ҷо омаданашро ба касе нагуфта, ба хона равад.

 «Аз фотеҳахонӣ омадам», - гӯеду дигар оби чашм нарезонед.

 Модар   бо сардор хайрухуш намуда ба хона баргашт.  Рӯзи дигар, саҳари барвақт писари Марямхола Шодиро ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд. Шодӣ намедонист, ки сирри ӯро модараш фош кардааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯву ҳаммаслаконашро баъди тафтишот ба суди ноҳия супориданд. Дар толори суд модар бо чашмони варамида ба писараш нигоҳкунон аз дил гузаронид: «Хубаш дар маҳбас бошию ҳар рӯз бинамат, аз он ки ҷисми беҷонатро аз Сурия биёранд, маро бубахш, писарам, ҷону ҷигарам». Шодӣ зимни сухани охиринаш гуфт: «Модарҷонам, маро бубахш, ки дар ин 5 соли дар маҳбас буданам туро обу адо мекунам. Аз кардаам пушаймонам. Он нобакорон бо ваъдаҳои болохонадору ширини худ маро фирефта гардониданд, хатоямро акнун фаҳмидам, маро бубахш, модар»,-гуфту рӯяшро ба тарафе гардонд, ки оби чашмашро модар набинад…

Бале, ин рӯзҳо чандин ҷавони гумроҳзада ба доми фиреби баъзе азҳобу дастаҳои тундгаро ва манфиатҷӯ афтида, бо чунин кирдорҳои манфуру ношоистаи худ на танҳо падару модар, хешу табор, балки омӯзгорону ҳамдеҳагону дӯстони худро сархаму шарманда мегардонанд.            Гурӯҳҳои ифротгаро воситаҳои гуногуни ба тарафи худ кашидани ҷавонони гумроҳшударо кашида, бо амалҳои ғайриинсонии худ кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро ба доми фиреби худ гиранд. Аз воситаҳои ахбори умум дар бораи чунин ҷавонони гумроҳшуда чандин барнома таҳия ва пешкаши бинандагон гардонида шуда бошанд ҳам, лекин ба баъзе ҷавонони кишвари азизи мо дарси ибрат нашуда истодааст. Мо, ҷавонон набояд фирефтаи суханони ширину ваъдаҳои болохонадори ин гуна аждаҳорони асри ХХ1 гардем. Хуб мешуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба масъалаи хештаншиносию худшиносӣ дар вақти дарсҳои ҳама фанҳои таълимӣ 1-2 дақиқа ҳарф зада, толибилмонро хотиррасон менамуданд. Ин масъулиятро дарку эҳсос кардан боиси он хоҳад шуд, ки дар мактабу оила ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷавонон ба бадкирдорию ҷинояткорӣ даст намезананд. Корҳои таблиғотӣ миёни донишҷӯёни макотиби олӣ, хонандагони мактабҳо ва дар дигар муассисаҳои давлатӣ ба рушди хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, башарпарварии ҷавонон таъсири бештар мерасонад. Агар таълимгоҳҳо, васоити ахбори умум, ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар, оила ва шахсони бообрӯи маҳал дастаҷамъона кор баранд, мо аз гумроҳии ҷавонон ҷилавгирӣ карда метавонем.

Ҷовид АТОЕВ,

ҳуқуқшинос


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш