Нашрияи Омӯзгор

Ҳамоиши судманд

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

18-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Такмили маҳорати таълими фанни физика дар тадбиқи ҳадафи чоруми миллии ҳукумат- саноатикунонии босуръати  кишвар» дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Ҳамоишро ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҳ.Муминов ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Дастовардҳои физикони тоҷик дар замони истиқлолият» маърӯза кард. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фарҳод Истамов дар мавзӯи «Ба роҳ мондани муносибати  босалоҳият дар таълими фанни физика», устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, дотсент Умар Умаров дар масъалаи салоҳияти омӯзгор ва воситаи фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни таълими физика,  сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми кишвар Бой Нодиров дар хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти таълими фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгори гимназия барои бачагони лаёқатноки ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадраҳим Раҳимов дар мавзӯи «Гузариш ба муносибати  босалоҳият дар таълим, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта», омӯзгори калони МД ДҶТИБКСМ  Мамараҷаб Бӯронов дар мавзӯи «Омилҳои самарабахшгардонии раванди таълими фанни физика дар мактабҳо» суханронӣ карданд.

 

М. Бӯронов,

корманди ДҷТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш