Нашрияи Омӯзгор

Комёбиҳои беназир

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

130 бинои таълимӣ бунёд гардид

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ҳамасола бо ҷалби сарчашмаҳои маблағгузорӣ муассисаҳои нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Соли равон аз ин ҳисоб 130 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинои таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 32560 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 500 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода  шудааст. Аз ин шумора сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ барои 9,5 ҳазор ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардид ва сохтмони 40 бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо тариқи ҳашар ба анҷом расонида шуд.

Китоб – сарчашмаи дониш

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудии ҳолати таълимгоҳҳо, таълифи барномаву китобҳои дарсӣ, мураттабу омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ ва маводи дигари зарурӣ мунтазам чораҳои амалӣ меандешад. Ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои мактабӣ ва ба хониши адабиёти бадеӣ ҷалб кардани хонандагон Вазорати маориф ва илм таҳия ва чопи китобҳои бадеиро роҳандозӣ намуд. Аз  ҷумла, давоми панҷ сол (2012 – 2017) аз ҷониби вазорат 941 ҳазору 213 нусха китоб (ба маблағи 3 миллиону 678 ҳазору 908 сомонӣ) нашр ва ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод гардид. Давоми ин солҳо, ҳамчунин, теъдоди зиёди китобҳои бадеӣ аз ҷониби вазорат бо ҳамкории лоиҳаву грантҳо нашр ва ройгон паҳн карда шуд. Аз  ҷумла, соли 2016 бо маблағгузории Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф 39 номгӯйи китобҳои бадеии бачагона ба миқдори 1 731 ҳазору 600 нусха (ба маблағи 5 миллиону 92 ҳазору 236 сомонӣ) нашр ва ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ройгон дастрас гардонида шуд.

250 медали хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди истеъдодҳои кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд ва дар ин замина як қатор корҳои судманд ба сомон расонида шуданд. Ҳамин аст, ки дар самти иштироки хонандагони тоҷик  дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад.

Дар омода ва баргузор намудани озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба дастовардҳои назаррас дастёб гардид.

Соли равон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 237 ҷой (54 ҷойи якум, 81 ҷойи дуюм, 102 ҷойи сеюм), вилояти Суғд сазовори 193 ҷой (35 ҷойи якум, 62 ҷойи дуюм, 96 ҷойи сеюм), вилояти Хатлон сазовори 151 ҷой (25 ҷойи якум, 41 ҷойи дуюм, 85 ҷойи сеюм), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 54 ҷой (8 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм, 33 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 19 ҷой (1 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм) шуданд.

Инчунин, хонандагони кишвар дар баробари муваффақиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, дар олимпиадаҳои байнал-милалӣ низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Соли 2019 хонандагони тоҷик дар 30 озмуну олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, 250 медал (67 медали тилло, 66 медали нуқра ва 117 медали биринҷӣ) ба даст оварданд.

 

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш