Нашрияи Омӯзгор

Соли бобарори маорифи ВМКБ

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таълимиро пайваста мавриди санҷишу таҳлил қарор дода, нисбат ба иҷрои доимии талаботи меъёрии таълиму тарбия назорати қатъӣ мебарад.

Соли 2019 дар вилоят сохтмони муассисаҳои таълимии рақами 5-и ноҳияи Дарвоз, рақами 29 – ноҳияи Ванҷ, рақами 7- и ноҳияи Рӯшон ба итмом расида, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 – и ноҳияи Рӯшон идома дорад.

Кӯдакистони рақами 1-и шаҳри Хоруғ барои 100 нафар кӯдак дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, сохтмони кӯдакистони ноҳияи Шуғнон идома дорад.

 Дар пешорӯи ҷашни фархундаи 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 19 адад муассисаи таълимӣ сохтаву мавриди истифода қарор мегирад.

Дар 4 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосии 54 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ дар назар аст.

Аз 29404 кӯдаки синни то 5-сола 2079 нафар ба 26 кӯдакистон ва 6190 нафар ба 267 Марказҳои рушди барвақтии кӯдак фаро гирифта шудаанд.

Соли 2019 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 352 нафар мутахассиси ҷавон, ки аз ин теъдод 20 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бо роҳхат ба ихтиёри шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят фиристонида шудаанд, аз онҳо танҳо 192 ва аз ин теъдод 61 нафар бо квота ба вилоят ҳозир шуданд. 72 нафарашон ба ҷойи кор таъмин гардиданд, ки 35 нафаршон бо квота буда, 66 нафар, аз ҷумла, 16 нафари дигар бо квота дар навбат гирифта шуданд.

 Иштироки хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сол аз сол беҳтар гардида, соли таҳсили 2018-2019 олимпиадаи вилоятии фаннӣ, анъанавӣ, номӣ ва даставӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 698 нафар хонандаи синфҳои 5,6,7,8,9,10 ва 11 - и шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии анъанавӣ, номӣ, даставӣ ва олимпиадаи шоҳмот 203 нафар хонандагони синфҳои 5-11 –и муассисаҳои таълимии вилоят иштирок намуда, 1 нафар ҷои якум (медали тилло), 6 нафар ҷои 2 (медали нуқра) ва 13 нафар ҷои сеюмро (медали биринҷӣ) ишғол намуданд. Илова ба ин, дар олимпиадаи шоҳмот наврасони вилоят сазовори ҷойи 2-юм ва 7 нафар хонанда бо Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Умуман соли 2019 дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ 20 медал ва 7 Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 диплом ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 ба миқдори 15 медал зиёдтар мебошад.

 

Одинашоҳ Мардов,

сардори раёсати

маорифи ВМКБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш