Нашрияи Омӯзгор

Дастовардҳои арзанда моро рӯҳбаланд мекунанд

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Соли равон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ 104 нафар, даставӣ 111 нафар, номӣ 49 нафар, синфҳои 5-8 148 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мактаби Президентӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ, 190 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд.

Бори нахуст дар озмуни сатҳи ҷаҳонии «Роботтехника” дастаи хонандагони болаёқати вилоят Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карда, аз бахши «Стратегия» байни ҳарифони худ ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид. Дар бахши «Робот - инҷинеринг» бошад, даста бо Ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд.

Аъзои дастаи вилояти Суғд - се нафар хонандаи Литсейи физикӣ - математикии рақами 1 - и шаҳри Хуҷанд - Раҳимҷон Ҳакимов, Абдурафиқи Абдушариф ва Муҳаммадаюб Умаров аз фанни технологияи иттилоотӣ дар олимпиадаи Х1 Авруосиёгӣ сазовори ҷойи якум ва дар Олимпиадаи кушоди умумирусиягӣ мақоми сеюмро касб карданд.

Дар ҳаштумин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология, ки дар шаҳри Ноидаи кишвари Ҳиндустон баргузор гардид, 21 нафар хонандаи лаёқатманди вилоят миёни 460 нафар хонанда аз 16 кишвари ҷаҳон ба дарёфти 15 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 4 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм дар ҷамъбаст мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли таҳсили гузашта 12 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии вилоят ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфта, 6 нафар ба дарёфти аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло, 3 нафар ба дарёфти аттестати аълои равиявӣ бо медали нуқра ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Дар радифи ин ҳама дастовардҳо сол аз сол тамоюли дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ рӯ ба зиёдшавӣ дорад. Агар соли гузашта тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ аз шумораи умумии хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 52 фоиз дохил шуда бошанд, пас, ин рақам дар соли таҳсили 2019- 2020 ба 56, 6 фоиз расид, ки назар ба соли пешин 4,4 фоиз зиёд аст. Қобили зикр аст, 90 фоизи довталабоне, ки ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, сазовори номи донишҷӯӣ гардиданд.

Дигар пешравие, ки дар соҳаи маорифи вилоят ба назар мерасад, сол ба сол тадриҷан кам шудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва мактабҳои ибтидоӣ мебошад. Агар дар соли таҳсили сипаришуда теъдоди муассисаҳои таҳсилоти асосӣ 55 ададро ташкил диҳад, пас, имсол он ба 39 адад кам шудааст. Ин чораҳои андешидашуда барои дастрасии хонандагон ба таҳсилот ва ба зинаи сеюми таҳсил ҷалб намудани онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили сипаришуда назар ба талабот дар муассисаҳои таълимии вилоят 4 ҳазору 911 нафар омӯзгорон зиёд фаъолият доштанд. Яъне, имрӯз дар муассисаҳои таълимии вилоят ба омӯзгорон эҳтиёҷ мавҷуд нест.

Рушди муассисаҳои томактабӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба он дар маркази таваҷҷуҳи  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳудуди вилоят 272 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла, 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 56 муассисаҳои томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 44 ҳазору 507 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 адад афзудааст. Яке аз роҳҳои дигари алтернативии омода намудани кӯдакон ба мактаб ин ба Маркази инкишофи кӯдак ҷалб намудани кӯдакони синни томактабӣ мебошад, ки алҳол дар вилоят 16 ҳазору 289 нафар кӯдак дар 757 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 15,0%, бо Маркази инкишофи кӯдак 20,4 % -и теъдоди умумии кӯдаконро ташкил медиҳад.

Муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимии вилоят бо 1393 компютери ҳозиразамон ва бо 154 адад тахтаҳои электронӣ таъмин мебошанд.

Соли равон бинои 5 муассисаи таълимии садамавӣ барқарор гардида, дар 20 бинои садамавии муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз 228 муассисаи таъмирталаб то ҳол бинои 115 муассисаи таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар 60 муассиса корҳои таъмирӣ давом доранд. Дар умум, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолият 700 иншооти соҳаи маориф бо фарогирии даҳуним ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор мегиранд.

Осим КАРИМЗОДА,

сардори раёсати маорифи

вилояти Суғд,  доктори илмҳои

таърих, профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш