Дар зиндагӣ инсонҳо ниёзмандиҳои зиёд доранд, вале ҳар фарди комилро аз лиҳози маънавӣ ниёзмандии бештар ба китоб аст, зеро китобро неруи инсонсоз, ганҷинаи хирад ва «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву, «фурӯғи субҳи доноӣ» муаррифӣ кардаанд.
Борҳо таъкиду собит шуда, ки ҳар ҷомеае, чун ба китоб унс гирифту ба мутолиаи ҳамешагии он гаравид, устувору пешрав ва фурӯзонахтар аст. Дар Ватани маҳбуби мо, ки як шиносномааш китобҳои бузургу муҳтавомандаш мебошад, ба сарчашмаи дониш-китоб таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад ва вобаста ба тарғибу муаррифию баррасии ин хазинаи гаронбаҳои маънавӣ дар саросари ҷумҳурӣ мунтазам маъракаҳои фарогиру муассир созмон меёбанд.
Ҳафтаи гузашта дар факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маросими ифтитоҳи китобхонаи факулта баргузор гашт, ки воқеан ҳам, ба як маҳфили фараҳбору нишотбахши таҷассумгари мақому манзалати волои китоб табдил ёфт. Пас аз расман оғоз бахшидан ба фаъолияти китобхона дар маҳфили фарҳангие, ки ба ин муносибат дар факулта баргузор гашт, нахуст ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода сухан гуфт. Ӯ иброз дошт, ки дар ҷомеаи пешрави мо таваҷҷуҳ ба китоб ҳамвора меафзояд ва ин раванд, пеш аз ҳама, ба дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаю маърифатпарастонаи Пешвои миллат иртиботмандӣ дорад. Ректор таъсиси китобхона дар факултаро яке аз ҳодисаҳои мондагортарини ҳаёти донишкада дар соли 2019 номид.
Декани факултаи филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёри Абдураҳим зимни суханрониаш ба ҳамаи онҳое, ки дар кори таъсиси китобҳо ва таҳияву ороишу ҳуҷҷатгузории он фаъолона ширкат варзиданд, арзи сипос кард. Мавсуф иттилоъ дод, ки донишҷӯёни зиёде ба китобхона бо амри дил ва бо муҳаббат ба таълимгоҳи азизашон дастаи китобҳо ҳадя карданд. Эҳдои баъзе аз донишҷӯён аз 200 то 500 нусха китобро фаро мегирифт. Чанде аз устодони донишгоҳу факулта низ ба китобхона ба миқдори зиёд китоб тақдим намуданд. Ҳоло хазинаи китобхонаи тозатаъсис беш аз панҷ ҳазор китобро дар бар мегирад ва ҳамзамон, китобхона дорои беш аз понздаҳ ҳазор китоби электронӣ мебошад.
Адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ, ки аз меҳмонони маҳфил буд, дар бораи китобу китобхонӣ ва гаравиш ба илму дониш сухан гуфта, аз нигоштаҳояш оид ба ситоиши китоб пораҳо қироат кард.
Тақдими ифтихорномаҳо ба донишҷӯёни фаъол ва базми шеъру рақсу тарона қисмати хотимавии ин маҳфили шукӯҳманду хотирмон буд.
Насриддин Охунзода
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр