Нашрияи Омӯзгор

Хониш дар  синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Дар ҷараёни таълим равандҳои гуногуни ба якдигар алоқаманд, ки дар тӯли таърихи дуру дароз арзи ҳастӣ намудаанд,  дар ташаккули инсоният саҳм доштаанд. Раванди хониш ҷараёни фикрӣ буда, барои мустақилона хондан ва дарк кардани матн ёрӣ мерасонад. Ин раванд аз ибтидои таҳсил чун маҳаки асосии таълим шинохта шудааст ва аз рӯйи принсипи аз осон ба мушкил гузаштан сурат мегирад. Салоҳиятҳои истифодаи  раванди хониш чун фаъолияти  маърифатӣ (фикрронӣ) бояд  пеш аз хондан, ҳангоми хондан ва баъд аз хондан  аз тарафи омӯзгор ба танзим дароварда шавад.

То ба ин зина расидан шогирдонро барои хондан омода намудан лозим аст. Аввалан, аз рӯйи номи матн барои изҳор намудани фарзияҳо оид ба мазмуни матн хонандагонро водор намудан лозим меояд.

Барои мақсаднок гузаронидани ин раванд хонандагонро дар як давраи муайян муаллим бояд ба гуфтани фарзияҳо омода намояд. Фарзияҳои хонандагон бояд такрори якдигар набошанд, балки гуногун будани онҳо таъмин гардад.  Масалан аз рӯйи матни “Хирсбачаҳо” чӣ тавр ҳаёт омӯхтаанд”, хонишро мегузаронем.

Пеш аз хондан омӯзгорро лозим меояд, ки дар ибтидо фарзияҳои пешниҳод кардаи хонандагонро шунида, фарзияҳои ба мазмун наздикро махсус қайд намояд. Салоҳияти баёни фарзияҳо ба ҳамаи матнҳои китоби дарсӣ, афсонаҳои халқӣ, матнҳои китоби бадеӣ низ имконпазир аст, ин салоҳият ба арзёбии нутқи гуфтории хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Умуман,  раванди зуд ва бехато хондани матнҳо дар синфҳои ибтидоӣ бояд ба пуррагӣ ташаккул ёбад. Аз ин лиҳоз, лозим аст,  ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ барои зуд ва бехато хондани  кӯдакон имкониятҳои методиро дуруст истифода намоянд.

Инчунин, дар раванди хониш задагузории овозӣ ва мантиқӣ низ зарурат дорад. Саволгузорӣ низ ҷузъи муҳим аст. Бинобар ин, омӯзгорро зарур аст, ки   як давраи муайян соволгузориро омӯзад, то ки ҷумлаҳои саволиро дар шакли  пурсиш гуфта тавонад. Таркибҳои барои чӣ? ба кадом мақсад?, кай?, то кай?, ва ғайраро дуруст истифода карда тавонанд. Саволгузорӣ ба раванди тасаввур кардан, мушоҳидаю ислоҳи матн заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Салоҳиятҳои дарки маънои матн аз хониши бошуурона сарчашма мегирад.

Раванди  шарҳӣ – эзоҳӣ низ бо саволу ҷавоби омӯзгорону шогирдон бояд сурат гирад. Омӯзгор ҳангоми шарҳу эзоҳ  барои худ ҷойҳои торики матнро кашф менамояд. Вобаста ба ин, саволҳо омода намуда мепурсад: барои чӣ?, чаро?, агар ин хел намебуд чӣ мешуд? Баъди ҷавобҳо бояд муҳокимаи толибилмон сурат гирад. Раванди дигари даркнамоӣ  ин бояд бошад, ки хонандагон ба фикр кардан водор карда шаванд. Масалан, дар матни “Некӣ ва бадӣ” чунин савол гузоштан бамаврид аст: худписандӣ чист?, доноӣ ба синну сол дахл дорад?, шумо ба ҷойи писарак мебудед чӣ кор мекардед?.  Ин гуна саволҳо хонандагонро барои фикр кардану хулоса баровардан водор менамояд.

 

Ҷамила Низокатова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш