Нашрияи Омӯзгор

Каломи раҳнамою илҳомбахш

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Ҳар соле, ки ба ҳукми таърих медарояд, ҳодисаҳои мондагори худро дорад ва ба ин васила дар хотирҳо нақш мебандад. Муҳимтарин ҳодисаҳои сол он рухдодҳоеянд, ки ба шукуфоию осоиштагӣ, ба  такмили ҳаёти аҳли ҷомеа мусоидат мекунанд, зиндагии ҳамагонро рангинтару гуворотар месозанд.

Бешубҳа, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки ҳар сол ироа мегардад, мондагортарин рӯйдод дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Паёми Сарвари кишвар маъмулан дар охири сол ироа гашта, муҳимтарин хусусияту дастовардҳо ва рухдодҳои диёрро дар соли сипаришаванда ҳаллу фасл менамояд ва вазифаҳои  аҳли ҷумҳуриро дар тамоми соҳаҳо барои соли нав муайян месозад. Сокинони Ватани маҳбубамон ҳамасола Паёми Пешвои миллатро бо таваҷҷуҳи махсус мешунаванд, онро гарм истиқбол мекунанд, меомӯзанд ва дар асоси нуктаҳои асосию раҳнамои Паём фаъолияти минбаъдаи худро такмил мебахшанд. Бисёр иқдомҳои манфиатбору халқпарварона ва башардӯстонаи Сардори давлати тоҷикон бо Паёмҳояшон ба Маҷлиси  Олӣ иртибот доранд. Масалан, дар Паёми ду сол қабл ироадоштаи Пешвои миллат аз оғози  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мужда дарёфта бошем, дар Паёме, ки охири соли 2018 ироа шуд, ҳамагон аз эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ огаҳӣ пайдо кардем. Дар соли сипаришаванда аҳли кишвар вобаста ба ин тадбирҳои муҳиму манфиатбор корҳои зиёдеро сомон бахшиданд, ки дар натиҷа ҷумҳурии азизамон боз ҳам пеш рафт, ободу зеботар гашт ва обрую эътибори байналхалқиаш бештар афзуд. Тибқи анъанаи неки худ  Пешвои миллат дар тамоми Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин аз он аст, ки Сарвари кишвар дар сиёсати иҷтимоии худ соҳаи маорифро афзалиятнок хондаанд ва ба  аҳли таълиму тарбия эҳтирому эътиқоди самимӣ доранд.  Пешвои миллат борҳо изҳор доштаанд, ки омӯзгорон равшангарони имрӯзу фардои мамлакатанд ва пешрафту шукуфоии Ватанамон аз фаъолияти онҳо сахт вобастагӣ дорад. Дар Паёме, ки охири соли гузашта (2018) ироа гардид, Президенти ҷумҳурӣ ба фаъолияти омӯзгорони мамлакат баҳои баланд дода, онҳоро  ихлосмандона ситоиш карданд ва ҳамзамон аз масоили марбут ба нарасидани кадрҳо ва сатҳи пасти саводнокии насли наврас (дар нисбати рушди илму фановарии замон) изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар давоми сол баҳри рафъи норасоиҳои зикршуда дар саросари кишвар аз ҷониби аҳли маориф корҳои зиёди натиҷабахш анҷом дода шуданд, ки ин ба такомули соҳа мусоидат кард.

Паёми навбатии Пешвои миллат, албатта, марҳилаи наверо дар ҳаёти аҳли ҷумҳурӣ ифтитоҳ хоҳад бахшид ва аз ҷумла, уфуқҳои нави фаъолияти аҳли маорифро муайян хоҳад сохт. Омӯзгорони кишвар омодаанд, ки дар партави Паёми навини Сарвари кишвар нақшаҳои кории худро такмил бахшида, барои  таълиму тарбияи насли наврас бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд  намоянд.

Азизмурод Истамов,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №95-и  ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш