Нашрияи Омӯзгор

Дар суҳбати адиб

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

18 декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб вохӯрии адиби бачаҳо Азизи Азиз бо хонандагон баргузор гардид. Нависандаи шинохта дар хусуси китоб ва китобдӯстӣ сухан карда, афзуд, ки ба наздикӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи  доноӣ…» ҷамъбаст гардид. Дар озмун бачаҳое ширкат варзиданд, ки бо тайёрии ҳамаҷониба омада буданд. Китобдӯсту китобхон буданд. Теъдоди зиёди ғазалу қасидаву достонҳои адибони классику муосирро аз ёд медонистанд. Ман бисёр мехостам, ки шумо ҳам бачаҳои азиз, бештар китоб хонед, китобдӯстдор шавед. Умедворам, ки соли оянда дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» шумо, бачаҳои азиз, мактаби худро муаррифӣ менамоед.

Азизи Азиз аз китобҳои тозанашри худ чанд нусха ба китобхонаи муассиса тақдим кард.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш