Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои кӯдакона чӣ гуна эҷод мешаванд?

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Рӯзҳои 16-18 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он муаллифони китобҳои бадеии бачагона, рассомон, муҳаррирони гурӯҳи кории Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем»  иштирок карданд. Онро мутахассис оид ба таҳияи маводи хониши лоиҳаи мазкур Муҳиддин Зиёев ифтитоҳ намуд. Ӯ қайд кард, ки сараввал адибон намунаҳои эҷодкардаи худро муаррифӣ мекунанд. Ҳайати гурӯҳи корӣ сохтор ва мазмуни асари тозаэҷодро муҳокима намуда, барои беҳтар шудани сохтор ва мазмуни асарҳо тавсияҳо пешниҳод бояд кунанд. Мо нақша дорем, дар ҳошияи баргузории ин семинар бояд 15 дастхати (сиёҳнавис) китоби бачагона омода гардад.

Роҳбари Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» Терри Чарлз андешаҳои худро дар бораи адабиёти бачагона изҳор дошта, гуфт, ки мо айни замон ба чопи китобҳои иттилоотӣ, саҳнавӣ, бобдор, рамзкушоӣ, ҳамчунин, асарҳои бадеӣ барои синфи 1, асарҳои гузаришӣ барои синфи 3 ниёз дорем.

Коршиносони соҳа дар мавзӯъҳои “Асарҳои саҳнавӣ”, “Китобҳои рамзкушоӣ”, “Асарҳои бадеии расмдор ва бобдор” маърӯза намуда, маълумоти муфассал пешниҳод карданд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш