Даври дуюми барномаи «Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва корезӣ дар шаҳри Хоруғ» аз мактаби Президентии шаҳри Хоруғ оғоз ёфт. Дар ин ҳамоиш хонандагони таълимгоҳ бо роҳнамоии омӯзгорон аз рӯи мавзӯъҳои «Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва корезӣ дар шаҳри Хоруғ» «Гардиши об дар табиат», «Пайдоиши ифлосӣ ва бактерияҳо дар қубурҳои обгузар» корҳои амалӣ нишон доданд.
Мутахассиси Маркази санитарӣ – эпидемиологии шаҳр Амонсултон Одилова оид ба «Истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об» ва муаллимаи муваффақи ин таълимгоҳ Ҳалима Парпишоева оид ба «Усулҳои пайдоиши оби соф аз абру пиряхо» маълумот ироа карданд.
Ҷонишини роҳбари лоиҳа Фаррух Бобораҷабов сабаби оғози даври дуюми лоиҳаро аз мактаби Президентии шаҳри Хоруғ мақсаднок баргузор намудани корҳои назарраси омӯзгорону толибилмон ва маъмурияти мактаб дар ҷодаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» маънидод намуда, зикр кард, ки дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ он боз равнақу ривоҷи бештарро кашф хоҳад кард.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр