Нашрияи Омӯзгор

Таълими босалоҳият дар фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 889        Шарҳ: 0

Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди маориф барои  солҳои 2012-2020»-ро ба тасвиб расонд. Тибқи ин ҳуҷҷат то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ бояд  таҷдиди назар ва таълим дар асоси низоми босалоҳият ба роҳ монда шавад.

Барои амалӣ намудани ин тадбир бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 таҳияи стандарти фанҳои таълимӣ оғоз гардид. Айни ҳол нашри сеюми китоби дарсии “Омодагии ибтидоии ҳарбӣ” барои синфҳои 10-11 бо тағйиру иловаҳо вобаста ба талаботи замон барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешкаш гардида, роҳнамо ва маводи иловагии фан вобаста ба таълими босалоҳият таҳия шудааст. Дар ҳамин замина машғулияти муқаддимавии фанни мазкур барои роҳбарони ҳарбии муассисаҳои таълимӣ пешниҳод мегардад.

Мавзӯи 1. Машғулияти 1. Машғулияти муқаддимавӣ дар синфи 10

1.1 Мундариҷаи таълим. Моҳият, аҳамият, ҳадаф ва зарурати таълиму омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ. Шарҳу тавзеҳи вижагиҳои таълими фан. Мазмуни фаслҳои омӯзишии фан ва шарҳи мухтасари ҳар як фасл. Рафтори низомӣ, гузоришдиҳии низомӣ, одоби муносибати низомӣ дар машғулиятҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва ҳангоми муроҷиат ба роҳбари ҳарбӣ. Лашкаркашони қаҳрамони тоҷик. Алоқамандии фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ бо тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим. Манфиати риояи қонуну қоида ва тартибу рафтори интизомии оинномавӣ.

1.2. Мақсади дарс. Аз худ намудани моҳият, ҳадаф ва зарурати омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ, гузоришдиҳии низомӣ ва рафтору муносибати оинномавӣ.

1.3. Талабот ба сатҳи дониш ва салоҳиятҳои хонанда. Машғулияти мазкур ба ташаккули салоҳиятҳои зерин равона карда мешавад:

- манфиати таълими низомиро дар ҳаёт медонад; тартибу интизоми ҳарбиро риоя карда метавонад; гузориши низомӣ дода метавонад; Ватанро дӯст медорад, аз он ифтихор менамояд ва ба ҳимояаш омода мегардад.

Роҳбарони ҳарбӣ дар асоси қадамҳои зерин машғулиятҳоро ба роҳ монда, метавонанд нақшаи дарс тартиб диҳанд ва кӯшиш намоянд, ки дониш, малака ва маҳорати заруриро оид ба мавзӯи мазкур ба ташаккули салоҳиятҳои нишондодашуда равона намоянд.

1.4. Усули таълим

1.4.1. Усули таълим: Хонандагонро дар саф ҷо ба ҷо намуда, аз навбатдор гузориши низомӣ («Рафиқ капитан! Дастаи якум дар ҳайати 20 нафар хонанда барои гузаронидани машғулияти омодагии ибтидоии ҳарбӣ саф оростааст» - навбатдор хонанда Суруш) қабул намояд ва бо онҳо саломи низомӣ (Роҳбари ҳарбӣ: - «Салом РАФИҚОН!» Хонандаҳо: - «Саломатиатонро мехоҳем, РАФИҚ КАПИТАН!») диҳад.

1.4.2. Машғулияти муқад-димавӣ. Шиносоии хонандагон бо мақсад ва вазифаи фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз машғулияти муқаддимавӣ шурӯъ мешавад ва тавре онро баргузор бояд намуд, ки ҳисси ватанпарастии хонандагон бедор гардида, ба омӯзиши фан мароқи хоса зоҳир намоянд. Муаррифии фан аз роҳбари ҳарбӣ маҳорати баланди касбиро талаб менамояд, зеро таълими фан хусусиятҳои хоси педагогӣ, равонӣ ва низомиро дорост...

Лаҳзаи 1 (ташкили дарс)

 Навбатдор: - Даста – ХЕЗ! НИЗОМ! Таваҷҷуҳ ба рост (чап, байн), - гӯён ба тарафи роҳбари ҳарбӣ мегардад ва сипас гузориш дода, як тараф меистад. Роҳбари ҳарбӣ ба байн гузашта чунин салом медиҳад: - «Салом, РАФИҚОН!» Хонандаҳо: - «Саломатиатонро мехоҳем, РАФИҚ КАПИТАН!» Роҳбари ҳарбӣ:- «ОЗОД! Шинед!»  Амри роҳбарро навбатдор ё сардори дастае, ки гузориш дод, такрор менамояд. Хонандагон баъди такрори амри «ОЗОД! Шинед!» аз тарафи навбатдор амалро иҷро менамоянд.

Намунаи гузориш: - Рафиқ капитан! Дастаи якум дар ҳайати 25 нафар хонанда барои гузаронидани машғулияти омодагии дифои ҳарбӣ саф оростааст. Навбатдор хонанда Суруш.

Лаҳзаи 7 (хайрухуш):  Навбатдор: – «Даста – ХЕЗ! НИЗОМ!». Роҳбари ҳарбӣ:- «То боздид РАФИҚОН!».  Хонандаҳо: – «То боздид, РАФИҚ КАПИТАН!». Роҳбари ҳарбӣ: - «ОЗОД! Танаффус!». Навбатдор амри роҳбарро такрор менамояд «ОЗОД! Танаффус!». Баъд хонандагон аз машғулият хориҷ  мегарданд. 

Оид ба ҳар як фасли омӯзиш  феҳристи мавзӯъҳои муҳиме, ки бояд ба хонандагон омӯзонида шаванд, нишон дода шудааст. Роҳбарони ҳарбӣ метавонанд аз онҳо истифода намуда, муҳимтаринашонро интихоб намоянд ва бо истифода аз нақшаҳои додашуда эҷодкорона нақша-конспект тартиб дода, барои тасдиқ ба сарвари муассиса пешниҳод намоянд.

1.4.3. Донад: Ба хонандагон  саволҳои бештар пешниҳод намоед: 1. Моҳияти таълими фанни ОИҲ дар чист? 2. Таълими низомӣ дар ҳаёт чӣ аҳамият дорад? 3. Ҳадаф ва зарурати омӯзиши фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» дар чист? Лашкаркашони маъруфи халқи тоҷик киҳоянд? Фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» бо тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим чӣ алоқамандӣ дорад?

1.4.4. Тавонад: 1. Хонанда Суруш - «МАН!». 2. Гузориши низомӣ диҳед! «ИТОАТ!». 3. «НИЗОМ!» таваҷҷуҳ ба байн (рост, чап) гуфта гузориш диҳад (лаҳзаи-1). 4. «ОЗОД! Ба саф истед!” ва ғайра. Ин намунаҳоро якчанд маротиба машқ намоед.

1.5. Арзёбӣ. Омӯзгор фаъолияти хонандагон ва натиҷаҳои таълимии онҳоро тавассути нишондиҳандаҳои маълум санҷида, ба онҳо мувофиқи холҳои гирифтаашон бояд баҳо гузорад. (Саволномаи тестӣ тартиб диҳад).

(Намуна)

1.6. Супориши вазифаи хонагӣ: Шарҳ дода тавонистани моҳият, аҳамият,  ҳадаф ва зарурати таълиму омӯзиши фанни «Омодагии дифои ҳарбӣ». Лашкаркашони маъруфи халқи тоҷик. Иҷрои қоидаҳои низомӣ дар машғулиятҳои фанни «Омодагии дифои ҳарбӣ».  

1.7. Хайрухуш. Навбатдор: – «Даста – ХЕЗ! НИЗОМ!». Роҳбари ҳарбӣ:- «То боздид, РАФИҚОН!».  Хонандаҳо: – «То боздид РАФИҚ КАПИТАН!». Роҳбари ҳарбӣ: - «ОЗОД! Танаффус!». Навбатдор амри роҳбарро такрор менамояд «ОЗОД! Танаффус!».

                 

Қурбоналӣ ЗИЁЕВ,

мутахассиси

 пешбари омодагии

ибтидоии ҳарбии Академияи

таҳсилоти Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш