Нашрияи Омӯзгор

Пайравӣ ба рафтору гуфтори нек

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

Дар тарбияи  насли наврас омилҳои гуногун метавонанд мусоидгар ва таъсиррасон бошанд. Барои он ки хонандагон чун инсони комилу боодоб ва хушсухану хушрафтор ба камол расанд, ба онҳо усулҳои гуногуни тарбияву таъсиррасонӣ, чун ҳикояту суҳбат, маслиҳату насиҳат, таърифу арҷгузорӣ, танбеҳу узрпурсӣ, ибрату қасам ва монанди инҳо таъсиргузор мешаванд.

Як қатор воситаҳои тарбия бо ибораи услубҳои ташаккулбахши шуури ҷамъиятӣ ифода меёбанд, ки ба ин усулубҳо шарҳдиҳӣ, суҳбат, нақл, ибрат ва таъсирпазириро метавон мансуб донист. Аз тариқи ин услубҳо ба иродаву ҳиссиёт ва шуури хонандагон таъсири мусбӣ расонда, ақидаву эътиқоди онҳо устувор сохта мешавад. Услубҳои мазкур муносибати  наврасонро ба ҷамъият, ба муҳити худ ифода менамоянд. Маълум, ки хонандагони хурдсол хеле  ҳассосу  мушоҳидакоранд ва аз  ҳар  амале таъсир мепазиранд. Вобаста ба ин, нақши ибрат ва ибратпазирӣ дар ташаккули шахсияти онҳо барҷаста аст. Хонандагон, махсусан, ба рафтору гуфтори омӯзгорони худ ва калонсолон бо диққати том наззора мекунанд ва аз онҳо ибрат мегиранд. Эҳтироми онҳо, боварашон ба омӯзгор бештару самимитар ва эътиқодмандона аст. Хурдтаракон мекӯшанд, ки дар рафтору гуфтор ба калонсолон, ба омӯзгори худ монанд бошанд. Аз ин рӯ,  тақлидкорӣ ҳам мекунанд. Чун ҳанӯз камтаҷрибаю ноогоҳанд ва на ҳамеша хулосаи дуруст ва бардошти шоиста доранд, баъзан якравию гарданшахӣ ва дағалию беинтизомии чанде ба назарашон ҷасурию далерӣ менамояд ва мекӯшанд,  ки чунин хислатҳоро дошта бошанд. Дар ин гуна  ҳолатҳо машварату суҳбату ҳидоятҳои омӯзгорон ба хонандагон хеле муҳиманд. Омӯзгорон бояд ба шогирдон шарҳ диҳанд, ки аз кӣ чӣ гуна ибрат пазируфтан лозим аст, бад чисту нек чист, кадом амал  манфиатовар асту кадом  амал ношоиставу зиёновар.

Хонандаро набояд бо роҳи танбеҳу тарсондан, бо дағалию дуруштӣ ва бо таҳдидҳои гуногун аз нодуруст ибрат гирифтан боздошт. Чунин амал ба наврасон метавонад таъсири баръакс гузорад, онҳоро якраву гарданшах созад. Танҳо бо суханони неку таъсирбахш, бо овардани ҳикмату ҳикоятҳои мувофиқ, бо нишон додани амалҳои неку пайомади сурурбахши онҳо… дар ҳастии насли наврас метавон нисбат ба хулқу атвори ношоиста ҳисси нафрат парварид.

Аз қадимулайём ҳам устодон ва ҳам волидон дар тарбияи шогирдону фарзандон аз нақши ибрат васеъ истифода мебурданд. Онҳо наврасонро пайваста даъват мекарданд, ки аз одамони нек, аз шахсиятҳои соҳибэҳтирому машҳур ва накукор ибрат бигиранд, барои ба онҳо монанд шудан бикӯшанд. Бо ин мақсад ба насли наврас дар бораи қаҳрамонону эҷодкорони машҳур, одамони наҷиб нақлу ҳикоятҳои  муассир мекарданд.

Ибрат ва ибратпазирӣ хуб аст, ин амалҳо мададгори  тарбиятгарон  дар  ташаккулбахшӣ ба шахсияти хонандагонанд, ба шарте ки зери назорати омӯзгорону волидон ҷараён дошта бошанд.

Наргис Эсанова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш