Нашрияи Омӯзгор

Ӯро бояд чун адиб эътироф кард

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

Ҷӯрабеки Муъмин ҳамчун рӯзноманигор 50 соли умри азизи хешро сарфи кори матбуоти тоҷик кардааст. 21 сол сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Файзобод» буд.

Устод Ҷӯрабек шогирдони зиёдеро дар соҳаи рӯзноманигорӣ ба камол расонидааст, ки ҳоло аксарашон дар нашрияҳои кишвар кору фаъолият мекунанд. Қисме узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуданд, аммо худи Ҷ.Муъмин не.

Ӯ эҷодкорест, ки дар жанрҳои гуногун эҷод мекунад. Эҷодиёти устод дар китобҳои «Ошён», «Таронабазм» (назм), «Шӯхиҳои ҷиддӣ» (наср), «Атрборон» (назм), «Файзобод: Таърихи қадим ва имрӯзи он» (очерк-публитсистикаи таърихӣ) ва дар чандин китоби дастаҷамъӣ ба табъ расидааст. Боре устод Бозор Собир ба хонаи мо омада, ҳангоми суҳбат пурсид, ки Ҷӯрабек ба чӣ кор машғул аст? Гуфтам ба мақоланависӣ. Устод гуфт:- Гӯй, Ҷӯрабек шеър нависад.

Албатта, ман ба Ҷ.Муъмин гуфтаи устодро расондам. Чанд сол аст, ки ҷиддан ба шеърнависӣ машғул аст. Шеърҳои ҳаҷвию ватанпарваронаи Ҷ.Муъминро ҳофизони театри ноҳияи Файзобод, ҳофизони радио ва телевизиони кишвар ба оҳанг дароварда месароянд. Шеъру мақола, қиссаю ҳикояҳои устод пайваста дар нашрияҳои ҷумҳурӣ ба чоп мерасанд. Аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба устод занг зада, изҳори миннатдорӣ мекунанд, ки эҷодатон ба мо писанд аст.

Солҳое, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, устод мақола ва шеърҳое менавишт, ки ҳукумати конс-титутсиониро ҳимоя мекарданд.

Бештари шеърҳои Ҷӯрабеки Муъмин дар мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, ватандорию созандагӣ, баҳору дӯстӣ иншо шудаанд. Мо, дӯстдорони каломи ӯ, ҳайронем, ки чаро то ҳол устод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нест. Ҳол он ки хеле арзандаву шоиста аст.

Боре дар маъракае рафиқе бо устод рӯ оварда гуфт:

-Ҷӯрабек, агар навиштаҳои панҷоҳ соли шуморо дар чархбол бор карда, аз баландӣ ба зер партоянд, тамоми Файзобод, Ваҳдат, Роғун ва Душанбею Нораку Нурободро зер карда мегирад. Вале ҳайронем, ки чаро узви Иттифоқи нависандагон нестед.

Устод бо ҳамон лаҳни шӯхона ҷавб гардонд:

- Хуб шуд, ки нестам. Низом Қосим нисфашро аз узвият маҳрум кард.

Ман фикр мекунам, ки унвону туҳфа умри касеро фузуну хонаашро тинҷ накардааст, вале онҳое, ки сарсупурдаи касби хешанд, набояд аз назарҳо дур монанд. Эҳтиромашонро ба ҷо бояд овард.

Устод Ҷӯрабеки Муъмин ба нафақа баромада бошад ҳам, дар идораи рӯзномаи «Набзи Файзобод» пайи эҷод аст. Ҳайати эҷодии рӯзнома ӯро «пири кор» меноманд…

Қ.ҶОМӢ,

омӯзгор, Аълочии

матбуоти Тоҷикистон,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш