Ҷавонзани кушода чеҳрае саҳари барвақт дар саҳни мактаб гаштугузор мекард. Ӯ баъди аз назар гузаронидани гирду атроф ва долонҳои мактаб қаноатмандона ҷониби дафтари кори худ равон шуд.
Ин зани меҳрубону хушмуомила ва сухандон Нигина Шарофова мебошад, ки чандин сол инҷониб сарварии дабистони рақами 59 - ро ба уҳда дорад. Мактаб яке аз мактабҳои беҳтарин буда, 90 омӯзгору зиёда аз 2000 хонандаро дар бар гирифтааст. Дар ин макони илму дониш кулли омӯзгорону хонандагон сарвари оқилаи худро дӯст медоранд ва эҳтиром менамоянд.
Ӯ дар баробари сахтгиру серталаб будан меҳрубону дилсӯз ҳам мебошад. Дар ҳама ҳолат аз вазъияти омӯзгорон воқиф гашта, дастгирияшон менамояд. Нигина Шарофова дар, ҳақиқат, “нигин”- и мактаб мебошад. Кордонию донишмандӣ, алалхусус, хоксориаш ӯро маҳбуби ҳамкорон гардондааст.
Ин бонуи таълимгоҳ суханони педагоги бузург В.Сухомлинский “Агар шумо директори хуб шудан хоҳед, пеш аз ҳама, барои педагоги хуб шудан кӯшиш намоед” - ро сармашқи кори худ қарор додааст. Ба шогирдон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳад. Дарсҳояш ҳама вақт шавқовару хотирмон мегузаранд. Шогирдонро бо беҳтарин ганҷинаҳои халқи худ, гуфтаҳои бузургони адабиёт шинос намуда, ба сӯи хулқу атвори нек, меҳнатдӯстию инсонпарварӣ, ишқи Ватан, накукорию дигар хислатҳои неки инсонӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, толибилмон дарсҳои ӯро беқаророна интизорӣ мекашанд. Кӯшиш менамоянд, ки суханони пурҳикмати омӯзгорро дар риштаи хаёли худ шадда намоянд.
Муаллима мекӯшад, то омӯзгорони мактаб ҳама бо дарсҳои муносиби замона шогирдони худро чун фарзандони фаъолу бунёдкори кишвар тарбия намоянд.
Ҳама вақт талаб менамояд, ки муаллимон бештар худомӯзӣ кунанд, бо донишҳои нав ба нав мусаллаҳ шуда, ҳамқадами замон бошанд.
Боиси хурсандист, ки аксари устодони таълимгоҳ соҳиби тахассуси олӣ мебошанд. Якчанд нафар ба дарёфти нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм сазовор гаштаанд.
Мо, аҳли таълимгоҳ, бо ин сарвари меҳрубону донишманди худ фахр намуда, бо ифтихор ӯро “Беҳтарин сарвар” меномем.
Дилрабо
Мамаднабиева,
омӯзгори мактаби рақами 59,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр