Нашрияи Омӯзгор

Осорхона – ифодагари соҳаи маориф

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

Осорхонаи маорифи АТТ аз гузаштаву имрӯзаи фарҳангу педагогикаи маорифи мамлакат маълумот медиҳад.

Осорхонаи маорифи Академияи  таҳсилоти Тоҷикистон соли 1960 дар назди Институти таҳқиқотӣ - илмии илмҳои педагогӣ (ҳоло Пажӯҳишгоҳи рушди таҳсилоти АТТ) бо номи «Музейи маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» таъсис ёфта буд. Осорхона то соли 1996 чун муассисаи алоҳида ва баъд ҳамчун шуъба дар назди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ фаъолият кардааст. Пас аз таъсиси Академияи илмҳои педагогӣ (соли 2002) (ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) ба ҳайати  зерсохтори он дохил гардид. Сарварии осорхонаро дар солҳои гуногун 7 нафар ба уҳда доштанд, ки нахустини онҳо Аҳмад Раҳимзода (солҳои 1960-1972) буд ва ҳоло Қурбоналӣ Зиёев (аз соли 2016) ин вазифаро ба зима дорад.

Осорхона дар тӯли фаъолияти худ ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ, нигораҳо, амсилаву аксҳоеро, ки рушду нумӯъ ва бурду бохти Тоҷикистонро инъикос менамоянд, гирд овардааст. Дар гирдоварии маводи илмиву таърихӣ саҳми пурарзиши роҳбарият ва кормандони осорхона назаррас аст.

Осорхона дорои амсилаву нигораҳои нодир ва бою рангин аз қабили «Мактаби куҳна», «Мадраса», «Мадраса», «Асбобҳои таълимии асрҳои қадима» ва ғайра мебошад. Инчунин, китобу дастурҳои таълимии солҳои пешин низ бо ҳуруфи форсӣ ва лотинӣ гирдоварӣ шудаанд.

Осорхонаи маориф бо осорхонаҳои мактабӣ ҳамкориҳои устувор дошта, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ташкили осорхонаҳо ёрии амалӣ мерасонад.

Осорхонаи маорифи Тоҷикистон тарғибгари хизматҳои шоёни олимону маорифпарвони маъруфи шинохта, арбобони илму техника, омӯзгорони шоиста ва собиқадорони маориф мебошад. Гӯшаҳои махсус ба фаъолияти Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ Муҳаббат Маҳмудова, Ҳабиба Каримова, муаллимони ИҶШС Идӣ Халифаев, Фотима Самадова, олимон Лутфуллозода Муҳаммад, Шарифзода Файзулло, Убайд Зубайдов, Каримова Ирина, собиқадорони маориф Ҳабиб Искандаров, Ниёз Сафаров, Розиқ Ҳамидов ва дигарон бахшида шудааст.

Кормандони осорхона дар ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳо, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои фаннӣ, экспедитсияҳои ҷумҳуриявӣ, сайёҳӣ-кишваршиносии мактаббачгон ҳиссагузор мебошанд.

Вазифаи осорхона тарғиби таърихи маорифи мамлакат, дастовардҳои он, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии маводи  зарурӣ маҳсуб меёбад.  Агар барои осорхона дар иртибот ба соҳаи маориф аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мавод гирд оварда мешуд, муҳтавои он ғанитар мегардид. Инъикоси фаъолияти барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи маориф низ ба мақсад мувофиқ аст.

Дар осорхонаи маориф агар оид ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гӯшаҳо ташкил шавад, айни муддаост.

Бояд муассисаҳои томактабӣ ва беруназмактабӣ низ дар осорхона  саҳмдор бошанд. Муҷаҳҳазгардонӣ бо воситаҳои техникиии таълим низ созгор ба муваффақияти бештари осорхона хоҳад буд.

 

Т.САЛОҲОВ,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш