Нашрияи Омӯзгор

Таъмини зиндагии шоиста

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чаро, ки дар партави ин Паём мо аз имконият ва дастовардҳои истиқлолияти Тоҷикистон бояд пайваста бархӯрдор бошем.

Маҳз бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон миллати тоҷик ба ҳам омада ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд.

Ҳамин сулҳу ваҳдати миллӣ аст, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ пазируфта шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳарфу садои мо таваҷҷуҳ мекунад. Ташаббусу иқдомҳои Тоҷикистонро мепазиранд ва барои амалӣ гардонидани онҳо аз минбарҳои баланд тасмим мегиранд.

Бинобар ин, вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки чун гавҳараки чашм Ватанамон-Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоя намоем ва онро азизу муқаддас дорем. Ба қадри модар-Ватан муқаддасоти миллӣ, истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда талош варзад. Дар раванди мазкур бояд масъалаю мушкилотеро, ки дар ҷомеаи муосири мо ҷой дорад, ҳамаҷониба омӯхта, роҳу усулҳои ҳалли оқилонаву одилонаи онҳоро ҷустуҷӯ намоем.

Раҳима УЗОҚОВА,

омӯзгори мактаби №13,

ноҳияи Исмоли Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш