Нашрияи Омӯзгор

Ақлу давлат қарини якдигаранд

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Бунёди ҳастии инсон ақлу хирад аст. Одам ҳар қадар бо ақлу хирад мусаллаҳ гардад, ҳамон қадар муваффақу саодатманд хоҳад буд. Меҳвари фаъолияти кулли муассисаҳои таълимиро ақлу хирад ташкил медиҳад.

Дабистонҳо пайваста бар он мекӯшанд, ки ба василаи талқину омӯзиши ақлу хирад насли наврасро ба ҳаёти фаъолона ба манфиати халқу миллат омода намоянд. Шахси бохирад ба  пешрафти ҷомеа, ба шукуфоии бештари Ватани азиз мусоидат мекунад ва дар болоравии обрӯву эътибори миллат ҳиссагузор мешавад. Ҳадаф аз истифодаи бавусъати усулҳои фаъолу навини таълим, технологияи пешрафтаи муосир ва низомҳои тоза дар мактабҳои миёнаву олӣ, пеш аз ҳама,  ба шогирдон амиқ омӯзонидани илму донишу хирад аст. Омӯзгорон бар он бояд бикӯшанд, ки аз ҳар як машғулияташон хонандагон кӯлвори маънавии худро пурбортар созанд, донишу бинишашонро такмил бахшанд. Дар талқину тарғиби хирад ва ситоиши ақлу дониш,  муҳимтар аз ҳама, бояд аз мероси пурарзиши маънавии ниёгони барӯмандамон истифода кард. Эшон дар ин мавзӯъ ашъору осори фаровоне гуфтаанд ва ҳамагонро ба ин васила ба хирадмандию доништалабӣ ҳидоят бинмудаанд. Ҳам дар ашъори устод Рӯдакӣ, ҳам дар «Шоҳнома»-ву «Гулистон»-у «Бӯстон» ҳам дар «Баҳористон»-у «Қобуснома» ва дар садҳо осори дигар ақлу хирад дар сатҳи баланду таъсиргузор ситоиш шудааст. Абӯшакури Балхӣ, ки аз шоирони тавонову волосухани адабиёти классикии тоҷик маҳсуб меёбад, хирадро мадҳ карда, ба одамон таманно менамояд:

Хирад беҳтар аз чашму биноӣ аст,

На биноӣ, афзун зи доноӣ аст.

Хирад бод ҳамвора солори ту,

Мабод аз ҷаҳон ҷуз хирад ёри ту!

Шоиру орифи маъруф Саъдии Шерозӣ кулли комёбиҳои ҳар шахсро, барҳақ, ба соҳиби ақлу шараф будани ӯ мутааллиқ донистааст:

Ақлу давлат қарини якдигаранд,

Ҳар киро ақл нест, давлат нест.

Инчунин далелҳоро дар таъкиди манфиату бартариҳои ақлу хираду донишу илм дар осори бузургонамон бисёр дучор меоем, ки ҳама бунёди қавии воқеӣ доранд. Дар ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳо, махсусан, дар дарсҳои тарбиявӣ аз ин гуна гуфтаҳои пурҳикмати бузургон истифода кардан хеле манфиатовар хоҳад буд.

Ҳурбӣ Нурова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик,

Дилором Гуломмавлоева,

омӯзгори биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш