Нашрияи Омӯзгор

Суруди миллӣ ва тарбияи хештаншиносию ватандӯстӣ

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 850        Шарҳ: 0

 

Дар Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оҳангу гармония ва пафоси баланди меҳанпарварӣ, ки реша дар таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик дорад, бо рӯҳи замони муосир тавъам гардида, панорамаи муборизаи озодихоҳонаи халқи тоҷикро баҳри расидан ба соҳибистиқлолӣ, ки неъмати нодиру бебаҳост, дар бар гирифтааст. Суруди миллиро чаҳоряк аср боз хурду калони мамлакат бо ифтихор, даст ба рӯйи сина месароянд. Иқдоми ватандӯстонаи муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масъалаи ба таври  мунтазам, ҳамарӯза иҷро намудани Суруди миллӣ аз ҷониби хонандагон қабл аз оғози машғулиятҳо бозгӯйи соҳиби маърифату фарҳанги баланди ватандӯстӣ будани насли навраси қаламрави вилоят ва азиз доштани ҳар як пораи хоки марзи аҷдодӣ буда, дар шинохти амиқу бештари ватан, муқаддас донистани он шоистаи дастгирӣ ва ба сифати раванди хештаншиносӣ дар марҳалаи кунунии замони муосир, ки омилҳои манфию музир ва хатарноки ҷаҳонишавӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои тундгарои исломӣ ҳамеша ба муҳиту фазои амну осоиштаи кишвар таҳдид эҷод мекунад, амали ибратомӯз маҳсуб меёбад. Ҳадафу ғояи меҳварии Суруди миллӣ, аз шинос шудан бо марҳалаҳои таърихии муборизаҳои истиқлолиятхоҳонаи миллати тоҷик умеду эътиқод ва эътимод ба ояндаи гул-гулшукуфони Тоҷикистони азиз мебошад. Хондани Суруди миллӣ меҳру  муҳаббати ватанро дар қалби ҳар як толибилми муассисаи таълимӣ афзун намуда, шукӯҳу барҷастагӣ ва азамати кишвари куҳанбунёди тоҷикро бештару рӯшантар таҷассум месозад. Аҳамияти таърихию ватанпарваронаи Суруди миллӣ беш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки мо ба ваҳдату муттаҳидии халқи тоҷик, якпорчагию бақои ин марзу буми аҷдодӣ, раванди бунёдкорию созандагӣ баҳри пешрафту рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз саъю ҷадал ва талош меварзем. Аз ин рӯ, иқдоми ватандӯстонаи тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ВМКБ падидаи барҷастаи меҳанпарварона буда, зарур аст, ки ин  ташаббус аз ҷониби тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо кунад, зеро ватан имрӯзу фардои мост.

 

Дилором Шафиева,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш