Нашрияи Омӯзгор

Меҳнати эҷодӣ ва маҳорати педагогӣ

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

Таълим дар синфҳои ибтидоӣ пояи ташаккули шахсият, таҳкурсии минбаъдаи омӯзиш ва парвариш мебошад. Он ҳамчун муайянкунандаи комёбӣ ва нокомии  мактаббачагони хурдсол дар фаъолияти минбаъдаашон нақши муҳим мебозад.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо кӯдакони ҳафтсола – даҳсола сару кор дорад. Аз ин хотир, вай бояд ҳамчун тарбиятгар мушфиқу меҳрубон, серҳаракат, чеҳракушоду ҳозирҷавоб бошад. Муаллими синфҳои ибтидоӣ бояд тахайюлоти бой, лафзи ширин, забони гӯё дошта бошад. Бо ривояту афсонаҳои дилангези хеш ҳамеша бачаҳоро мафтун карда, дурро наздик, мушкилро осон, мураккабро сода карда нишон дода тавонад. Бо рафтор, хулқу атвори  нек мисли оҳанрабо кӯдаконро ба сӯйи худ кашида тавонад, ояндаи неки онҳоро чун офтоби оламоро мунаввар созад.

Муаллимони  синфҳои ибтидоӣ медонанд, ки шогирдони онҳо пас аз даҳ – понздаҳ сол сарварони коргоҳҳои истеҳсолианд ва онҳо бояд ба таври нав фикр карда, корро пеш баранд. Барои он ки бо тарзи нав кор кунанд, ҳатман бояд ба таври нав бихонанд, муаллим бояд ба таври нав кор кунад, ҳатман бояд бо тарзи нав ба дарсҳо тайёрӣ бинад. Вай бояд дар хотир дошта бошад, ки барои омӯзгори эҷодкору ташаббускор ҳар як дарсаш кошонаест тозаю ҷадид. Бояд гуфт, ин ҷаҳони тозаю нав ба омӯзгорон дар натиҷаи меҳнат, маҳорат ва муҳаббат муяссар мегардад: меҳнати эҷодӣ, маҳорати педагогӣ, муҳаббати модарона. Ин ҳама он сирру асрорест, ки қадри устодонро баланд мебардорад, дари ҷаҳони наверо ба рӯяшон боз мекунад.

Ҷараёни таълим фаъолияти тарафайнро тақозо мекунад, яъне, фаъолияти якҷояи омӯзгору хонандаро. Омӯзгор  бояд бо аҳли синф  якҷо муҳити кори умумӣ – педагогикаи ҳамкориро ба вуҷуд орад. Ҳеҷ гоҳ «ман мехонам, ман менависам, ман нақл мекунам» гуфтан лозим нест. Бо ин шева бояд рафтор кард: мо мехонем, мо менависем, мо нақл мекунем. Бигзор, хонандагон дар симои устодони хеш як ҳамдарди худ-ро бубинанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар синфҳои ибтидоӣ устодоне машғулият гузаронда метавонанд, ки нисбат ба бачаҳо меҳрубон, башафқату ғамхор бошанд. Табиатан бачаҳоро дӯст доранд, шахсияти  онҳоро эътироф кунанд. Ин гуна омӯзгорон агар  тахайюли бой дошта бошанд, яъне, мутахассиси ҳаматарафа ташаккулёфта ва варзида бошанд, дӯстдори шогирдони худ гардида, ба мақсади ниҳоии хеш мерасанд. Ин бояд аз ҷумлаи рисолати азалии омӯзгор бошад.       

Рукатмо АЛИФОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш