Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакистон соҳиби бинои дуошёна гардид

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хоруғ боз як кӯдакистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистони мазкур раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Кӯдакистони замонавӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 100 ҷой мебошад. Он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо харҷи беш аз 4,2 миллион сомонӣ қомат афрохт. Кӯдакистон аз ҷониби бинокорони соҳибтаҷрибаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Мустафо»-и ноҳияи Шуғнон сохт шуда, дар бунёди он  35 нафар сокини маҳаллӣ саҳм гузоштанд.

Бино дорои 24 ҳуҷраи кушоду барҳаво буда, дар таҳхонаи он маҳсулот ва дигар асбобу анҷоми зарурӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар ошёнаи аввал, ҳамчунин,  толори зебои  фарҳангӣ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ ҷой гирифтааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз мураббиёну кормандони техникии  кӯдакистон даъват кард, ки пайваста донишу ҷаҳонбинии худро такмил дода,  барномаҳои таълимию фароғатии худро бо истифода аз чунин шароити мусоид   дар сатҳи баланд таҳия ва омода намоянд.

Ба гуфтаи сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов, дар ҳудуди шаҳри Хоруғ  шаш кӯдакистон мавҷуд аст, ки дар онҳо беш  аз ҳазор нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар 18 маркази рушди барвақтии кӯдакон қариб 100 кӯдак таълиму тарбия гирифта, 70 нафар мураббия ба омӯзиши онҳо машғуланд. 

 

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш