Нашрияи Омӯзгор

Аёдати 30 нафар кӯдак

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

Дар остонаи фарорасии соли нави мелодии 2020 бо ташаббуси роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон ва муассисаи таҳсилоти томактабии №4 баҳри болидахотирии кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ва дорои имкониятҳои маҳдуд барномаи рангини солинавӣ ва дастурхони идона ороста шуд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Ҷамолиддин Насриддинзода кулли кӯдаконро аз номи раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода таҳният гуфта, барояшон хушиҳои овони кӯдакӣ ва таълиму одоби намунавӣ таманно намуда, ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравии солинавӣ тақдим намуд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш