Нашрияи Омӯзгор

Машғулиятҳо бояд рангин бошанд

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

Дар муассисаҳои томактабӣ вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ машғулиятҳо бо тарзу шеваҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Дар судманду муассир ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани машғулиятҳо ҳунару лаёқат ва маҳорату малакаи мураббӣ бағоят калон аст. Машғулиятҳо маъмулан аз расмкашӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мусиқӣ ва амсоли ин иборат мебошад.

Дар давраи омодагии бача ба мактаб нақши машғулиятҳои расмкашӣ хеле муҳим мебошанд. Дар ин давраи синнусолӣ кӯдакон қалам, мӯқалам, рангҳоро дуруст истифода бурда, маҳорату малакаҳои расмкашиашонро такмил медиҳанд. Эҳсосу идроки рангинашон инкишоф ёфта,  аз рангҳои осмонӣ, хокӣ, бунафш ва ҷигарӣ истифода бурда, тобишҳои рангинро дуруст дарк мекунанд. Ҳангоми расмкашӣ аз шаклҳои геометрӣ (секунҷа, чоркунҷа, доира, байза, росткунҷа, бисёркунҷа) истифода бурда, нақшу нигорҳои миллиро тасвир менамоянд.

Ҳангоми сайругашт мураббия ва калонсолон таваҷҷуҳи кӯдаконро ба рангҳои табиат ҷалб намуда, мушоҳидаю мушоҳидакориро ёд медиҳанд.

Машғулияти суробсозӣ дар давраи омодагӣ ба мактаб маҳорат ва малакаҳои бо пластилин ва лой кор кардан, ҳаракати дурусти дасту ангуштон ва чашмро дар кӯдакон ташаккул медиҳад. Ҳангоми иҷрои амал дар кӯдакон муайянкунии ботинӣ ва зоҳирӣ ба амал омада, бача ҳаракати дасташро идора карда, ягон суроби дилхоҳашро месозад. Дар рафти иҷрои амал бо хусусияти тағйирёбандагии пластилин ва ё лой шинос шуда, мувофиқи мавзӯъ пластилинро аз рӯи ранг интихоб мекунад, онҳоро ба қисмҳои муайян (калон, миёна,  хурд) ҷудо карда, ба нақша мегирад, ки аввал кадом қисм ва баъд кадом қисмҳои онро молиш дода тайёр кунад. Дар вақти иҷрои амал ба ҳаракати дасти худ  диққат медиҳад, ки дар як вақт ҳам идроки биноӣ ва ҳам ҳаракати дасташ инкишоф меёбад.

Ойдин Воҳидова,

мураббии ширхоргоҳ - кӯдакистони №130-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш