Нашрияи Омӯзгор

Санҷиш ҷанбаҳои гуногун дорад

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

Санҷиши сатҳи дониши хонандагон яке аз масоили муҳими ҷараёни таълим мебошад. Он муайян мекунад, ки хонанда мавзӯи алоҳида ё умуман, мавзӯъҳои гузаштаро то кадом дараҷа азхуд кардааст, ҷидду ҷаҳдаш, қобилияту истеъдодаш ба чӣ андоза аст, кадом мавзӯъҳоро медонаду донишаш оид ба кадом мавзӯъ чандон хуб нест.

Санҷиш хонандагонро масъулиятшиносу ҳушёр месозад, онҳоро ба мунтазам андухтану так-рор кардан вомедорад. Барои устуворгардии робитаи мактабу оила низ санҷиш нақшгузор аст. Ҳамчунин, санҷиш муқаррар месозад, ки омӯзгор минбаъд ба кадом мавзӯъҳо бештар аҳамият диҳад, ба кадом хонанда аз  кадом ҷиҳат таваҷҷуҳ зоҳир намояд.  Дар маҷмӯъ, санҷиш як ҷанбаи муҳими фаъолияти омӯзгор буда, аз ӯ омодагии ҳамешагӣ ва маҳорату малакаи  махсус тақозо дорад. Санҷиш ба хелҳои гуногун ҷудо мешавад: санҷиши ҷорӣ, санҷиши мавзӯӣ, санҷиши ҷамъбастӣ, санҷиши махсус…

Санҷиши ҷорӣ ҳамарӯза баргузор  мешавад.  Санҷиши мавзӯӣ вобаста ба итмоми гурӯҳи мавзӯъҳои ба ҳам вобастаи як боб  амалӣ мегардад.

Яке аз санҷишҳои муҳим ва ҷиддӣ санҷиши ҷамъбастӣ маҳсуб меёбад. Он, маъмулан, дар ҷамъбасти чорякҳои соли таҳсил баргузор карда мешавад. Хонандагон бо такрор кардани мавзӯъҳо, мутолиаи адабиёти илова, пурсиш аз муаллим (дар зарурат ташкили дарсҳои замимавӣ) ба санҷиши ҷамъбастӣ омода мешаванд. Онҳо барои фаъ-олияташон дар як давраи муайян (чоряк) аз омӯзгорон баҳои сазовор мегиранд ва барои минбаъд ҷиҳатҳои такмилталаби донишашонро дақиқ менамоянд. Баҳогузории ҷамъбастӣ дар заминаи санҷиш аҳамият ва таъсири ҷиддӣ барои шогирдон дорад ва аз ин рӯ, омӯзгор ҳаргиз набояд нисбат ба ин масъала саҳлангорӣ зоҳир намояд. Бархе аз омӯзгорон баҳоҳои дар давоми чоряк гирифтаи хонандаро ҳисоб карда, ба миқдори баҳоҳо тақсим намуда, ба ин васила баҳои ҷамъбастии  ӯро муайян мекунанд, ки ин нодуруст аст. Ҳангоми санҷиш ва гузоштани баҳои ҷамъбастӣ бояд сатҳи омӯзиши хонанда, ҷидду ҷаҳди ӯ, қобилияту истеъдодашро ба назар гирифт. Хонандаи аълохон ҳам гоҳе бо сабабе ба дарс бе омодагӣ ҳозир шуда, баҳои ғайриқаноатбахш мегирад, вале минбаъд ҳам  мавзӯи дахлдор ва ҳам мавзӯъҳои навро дар сатҳи баланд азхуд менамояд. Дар ин ҳолат набояд як ё ду баҳои пасташ дар вақти санҷишу гузоштани баҳои ҷамъбастӣ боиси озурдахотирии ӯ гардад. Ҳангоми санҷиш бояд ҳолатҳои психологӣ ва масоили дигари ҳамбаста ба методикаи таълиму тарбияро ба назар гирифт.

Бибиалиф Зармастова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш