Нашрияи Омӯзгор

Ҳамааш ба омӯзгор вобаста

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Истифодаи усули фаъоли таълим, махсусан, дар синфҳои ибтидоӣ бештар мувофиқ ва муфид аст, чунки хонандагони хурдсол бештар ба фаъолият, рангорангӣ ва ҷолибии машғулиятҳо шавқманданд.

Масалан,  ман дар синфи дуюм аз фанни математика бештар аз варақа (карточкаҳо) истифода мебарам. Пас аз баргузории қисмати ибтидоии  дарс ва пурсиши вазифаи хонагӣ дар вақти баёни мавзӯи нав кӯдаконро ба чор гурӯҳи чорнафара ҷудо намуда, гурӯҳҳоро бо номи гулҳо (масалан Садбарг)  ва меваҳо (масалан Анҷир) номгузорӣ мекунам.

Ба ҳар як гурӯҳ 2 ё 3 – тоӣ варақа тақсим мекунам, ки дар онҳо мисолу масъалаҳо аз китоби дарсӣ гирифта шудаанд. Кадом гурӯҳе, ки аз ҳама  зудтар  мисолу масъалаҳоро ҳал карда, ба ман месупорад, соҳиби холи зиёд ва сазовори «Офарин!» мешавад. Ҳамин тавр, варақчаҳоро ду – се маротиба иваз менамоям.

Ғайр аз ин, дар лаҳзаи дамгирии хонандагон низ аз бозиҳои математикӣ истифода  мебарам. Масалан, бозии «Киштӣ ғарқ мешавад» барои  хонандагони  синфҳои  ибтидоӣ ё кӯдакони хурдсол  хеле  шавқовар аст.

Қисми мустаҳкамкунии дарсро бо мисолу масъалаҳои шифоҳӣ мегузаронам. Дар ҷамъбасти дарс баҳои хонандагонро эълон мекунам, зеро баҳо гирифтан барои фаъолияташон хеле муҳим аст. Барои дар дарси имрӯза хуб иштирок намуданашон  шогирдонро ситоиш намуда, ба онҳо  миннатдорӣ иброз менамоям ва онҳоро  даъват месозам, ки дар дарсҳои оянда боз ҳам фаъолтар бошанд.

Усули омӯзиши фаъолро ман на танҳо дар дарси математика, балки, инчунин, дар дарсҳои забони тоҷикӣ ва тарбияи ҷисмонӣ низ истифода мебарам. Ин усул барои  як фанро ба  фанни дигар алоқаманд намудан ва шавқу рағбати хонандагонро нисбат ба фанҳои таълимӣ зиёд кардан аҳамияти муҳим дорад.

Ҳангоми гузаштани дарс кӯшиш мекунам, ки ҳеҷ як хонанда бекор нанишинад. Хусусан, дар ин гуна машғулиятҳо ҳама бояд фикр кунанд, фаъол бошанд. Дар акси ҳол, хонандаи сустхону камфаъол, агар ба ӯ аҳамият надиҳем, то охир ҳамин тавр тамошобин шуда мемонад.

 

Саймоҳ МИРЗОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии  мактаби №53, ноҳияи Рӯдакӣ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш