Садриддин Айнӣ чун шоир, нависанда, рӯзноманигор, олими забоншиносу адабиётшинос ва таърихдон маълуму машҳур аст. Мақолаҳои вай дар матбуоти солҳои 20-уми асри гузашта – «Қавми тоҷик ва рӯзнома» (с.1924), «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» (с.1924), «Тоҷикони кӯҳистон» (с.1924), «Қобилияти ташкилотчигӣ дар тоҷикон» (с.1924), «Матбуоти тоҷик» (с.1926) ва ғайраҳо ҳама ба тақдири халқи тоҷик бахшида шудаанд. Устод барои покии забони тоҷикӣ ва ҳимояи он мақолаҳои «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» (с.1928), «Ҷавоби ман» (с.1928), «Кори наку кардан аз пур кардан аст» (с.1930), «Мактуби кушода ба рафиқ Толис» (с.1948), «Баъзе қайдҳо оид ба аҳволи забоншиносӣ дар Тоҷикистон» ва ғайраҳо навиштааст.
Садриддин Айнӣ замоне ба касби муаллимӣ гаравида, барои толибилмон се китоби дарсӣ навишт:
«Тартилулқуръон» (с.1990), «Таҳзибуссибён», (1910-1917) ва «Заруриёти диния». Муаллиф дар ҳар кадом аз ин китобҳо маводи гуногуни таълимиву тарбиявиро ҷой додааст. …Лоиқ Шералӣ хизматҳои барҷастаи Айниро дар назар дошта, дар як шеъри сипосмандонааш, аз ҷумла, менигорад:
Пас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,
Шарорҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ.
Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр,
Аз ин рӯ, ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ.
Шарифи МИРЗОҲОТАМ,
омӯзгори мактаби №19-и ноҳияи Хуросон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр