Нашрияи Омӯзгор

Тадбири маърифатбор

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 838        Шарҳ: 0

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар ҳаёти ҷомеа нақши бузурге дошта, инчунин, барои расондан ва нигоҳ доштани  маълумоти гуногун хизмат  мерасонад.

Дар муассисаҳои таълимӣ он аз синфи 2 омӯзонда шуда, ҳамчун фанни таълимӣ барои ҳамгироии фанҳои забону адабиёти тоҷик, санъат, таърих, география ва математика истифода бурда мешавад. Ҳангоми омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии омӯзишашон бо забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, як захираи луғавии муайяне ба даст овардан лозим аст, ки хонанда тавонад онро дар оянда истифода барад. Хуб донистани забони модарӣ ва забони русӣ барои омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ низ мусоидат  менамояд. Яке аз омилҳое, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи забономӯзии хонандагон мусоидат  менамояд, гузаронидани ҳафтаи фанни забони русӣ мебошад. Дар таълимгоҳи мо дар давоми моҳи ноябр ҳафтаи фанни забони русӣ гузаронида шуд ва мутобиқи нақша чорабиниҳои зерин анҷом дода шуданд:

1.Расми оғози ҳафтаи фаннӣ. Роҳбари иттиҳодияи методӣ омӯзгорон ва хонандагонро бо нақшаи таҳиянамудаи иттиҳодияи методӣ барои  ҳафта  шинос намуд. Инчунин, хонандагон бо забони русӣ дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва нисфирӯзӣ доир ба мақом ва манзалати забони русӣ дар замони муосир баромад намуданд.

Дар толори муассиса гӯшаи махсуси омӯзишӣ ва иттилоотӣ бо забони  русӣ омода шуда буд, ки он аз гӯшаҳои деворӣ доир ба мавзӯъҳои рӯзмарра, кроссвордҳо, сканвордҳо, ребусҳо, саволҳо барои муайян намудани дониши хонандагон ҷой дода шуданд. Инчунин, озмунҳои  қироати шеърҳо аз ашъори шоирони классику муосири рус дар рӯзи дуюми ҳафта гузаронида шуд.

Дар рӯзи сеюми ҳафта озмуни донандаи хуби имлои забони русӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 20 хонандаи муассиса (аз синфи 7 то 11) иштирок намуданд.

Дар рӯзи дигари ҳафта аз тарафи аъзои иттиҳоди методӣ барномаи бадеию фарҳангӣ бахшида ба соли нави мелодӣ гузаронида шуд, ки хонандагон ва омӯзгоронро бо санъати волои халқи рус ошно гардонд.

Бо ибтикори иттиҳодияи методӣ дарсҳои кушод аз фанни забони русӣ гузаронида шуданд: дарсҳои  кушоди омӯзгорон Н.Элбоева, Ш.Ҳакимова, Г.Ашӯрова, Н.Алиназарова ва В.Маҳмудова бо маҳорати баланди касбӣ ва бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим гузаронида шуданд ва аз ҷониби маъмурияти муассиса барои таҷрибаомӯзии дигарон пешниҳод шуданд.

Ҳафта аз тарафи маъмурияти муассиса ҷамъбаст гардид. Фаъолон бо ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Шарофат ҲАКИМОВА,

роҳбари иттиҳодияи методии забони русӣ дар мактаби №52-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш