Нашрияи Омӯзгор

Забони давлатиро поку беолоиш нигоҳ медорем!

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

Забон ҳамчун воситаи баёни фикр ва муошират аз замони пайдоиши худ дар пешрафти илму фарҳанг ва рушди ҷомеа нақши муҳим дорад.

Он василаест, ки таъриху тамаддун, расму оин ва сарвати маънавии миллатҳоро ҳифз мекунад. Забони модарӣ барои халқи тоҷик неъмати бебаҳою ганҷи ноёб аст. Ниёгони мо бо ин забон шоҳасарҳои зиёде офаридаву тавонистаанд онро аз ҳама гуна хавфу хатарҳо ҳифз намоянд. Маҳз бузургии забони мо буд, ки асарҳои офаридаи аҷдодонамон то имрӯз омада расид ва шуҳрати ҷаҳониро ба худ касб кард.

Вале боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо меъёрҳои забони адабӣ ҳангоми муошират кам риоя мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавонон дар кӯчаву бозор ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ аз алфози дағал ва қабеҳ истифода мебаранд. Ин нукта, ҳатто, дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону зиёиён,  ки бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ 5-уми октябри соли гузашта баргузор гардида буд, қайд гардид. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки гуфтори дағал ва беэҳтиромӣ нисбат ба забон аз ҷониби бархе аз наврасону ҷавонон боиси нигаронӣ мебошад.

Забоншиносон бар он назаранд, ки муҳиту ҷомеа ба хушгуфтор  гардидани ҷавонон таъсир расонида метавонанд. Аз ин рӯ,  ҳар як фарди ватандӯст бояд барои рушду густариши забони модарии хеш саҳми босазо гузорад. Аҳли ҷомеа, волидайн ва мактаб  низ масъуланд, ки муҳаббати забони модариро дар қалби ҳар як наврасу ҷавон  ҷо намоянд.

Бояд қайд намоем, ки ҳадафи мо, омӯзгорон, низ боло бурдани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон мебошад. Барои амалисозии ин мақсад мо ҳамкориро бо падару модарони хонандагон дар сатҳи баланд ба роҳ монда, талош мекунем, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ тарбия намоем. Зеро миллате, ки ба забони модарии хеш арҷ мегузорад, дар ҳифзи тамоми арзишҳо ва муқаддасоти миллии хеш муваффақ мегардад.

Мария ОДИНАЕВА,

омӯзгори мактаби №14-и шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш