Нашрияи Омӯзгор

Рукни муҳими давлатдорӣ

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

Забон як рукни муҳимтарини давлату давлатдорист. Дар моддаи дувуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».

Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки он роҳи дурудароз ва пурпечутоберо тай кардааст. Намояндагони бузурги адабиёти оламшумули мо тавонистанд, ки дар давоми асрҳо қудратмандии забони ноби тоҷикиро собит сохта, тавассути он асарҳои ҷовидона офаранд.

 Дар ин росто, Ҳукумати кишвар, бахусус, Сарвари давлатамон ҷиҳати эҳтироми забони давлатӣ ва мероси гаронбаҳои абармардони адабиёт, кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалӣ бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён, ки бо ибтикори Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд, зикр карданд, ки давраи Сомониён аҳди тиллоии ҳаёти халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра дар соҳаи адабиёту ҳунар ва илму фарҳанг шахсиятҳое рӯи кор омаданд, ки то имрӯз фаъолияти онҳо дар таъриху тамаддуни ҷаҳонӣ беназир мебошад.

Масъалаи дигаре, ки роҳбарияти олии мамлакат ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, поку беолоиш нигаҳ доштани забони давлатист. Дар ин робита, тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид. Ҳамчунин, бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ таъсис ёфт.

Дар вохӯрие, ки Сарвари давлатамон 4-уми октябри соли 2019 бо намояндагони илму адаб ва зиёиён доштанд, бо назардошти ислоҳи баъзе камбудиву нуқсонҳои дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҷойдошта дастур доданд, ки он бозбинӣ гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад.

Бо Қарори Ҳукумати кишвар тасдиқ гардидани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» гувоҳи эҳё намудани номҳои тоҷикӣ  мебошад. Президенти мамлакат дар ин маврид аз масъулони шаҳраку деҳот, идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин, падару модарон ҷиҳати беэътиноӣ ба ин масъалаи муҳим изҳори нигаронӣ карданд. Ҳарчанд ба фарзандон гузоштани номҳои дорои маънои коста ва аз анъанаҳои миллии мо бегона кам шуда бошад ҳам, вале ин мушкилот пурра бартараф нашудааст.

Умедворем, ки тамоми қишрҳои ҷомеа пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат бобати гиромидошти забони давлатӣ боз ҳам камари ҳиммат мебанданд ва ҷиҳати пойдор мондани он ҳиссаи арзанда мегузоранд.

 

Фариза Ҳалимова,

муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи мактаби №82-и шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш