Нашрияи Омӯзгор

Саховати файзбори табиат

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

Мо, тоҷикон, дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки аз оби тозаю баландсифат бой асту чашмаҳои зиёди табобатӣ дорад. Фаровонии об омили рушди зиндагӣ, сабзиши наботот, нумӯи ҳамаи мавҷудоти рӯйи олам, покизагии муҳит аст. Мардум дар ҷавоби хидмати арзандаи ҳар шахси накукоре бо қаноатмандӣ даст ба дуо бардошта «умрат об барин дарозу дилат чун об пок бошад» мегӯянд. Равшанию гармии хонадони мо аз об аст. Об аст, ки дар  Тоҷикистон неругоҳҳои барқӣ сохта шуданду ба хонадони мо пайваста рӯшноӣ мебахшанд. Имрӯз  Неругоҳи барқи обии Норак 40%-и оби барои мо ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳаётан муҳимро танзим менамояд. Бо анҷом ёфтани сохтмони Неругоҳи барқи обии Сангтӯда ва баъдан Роғун имкониятҳои мо боз ҳам васеъ гардида, тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳо ва дар навбати аввал, саноат таъмин мегардад. Ватани мо дорои захираи фаровони оби тоза буда, дарёҳои бузург, ба мисли Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Сир, Зарафшон, Сурхоб… манбаи беҳамтои ободониву бунёдкориҳоянд. Захираҳои оби Тоҷикистонро пиряхҳо, кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.

Об манбаи ҳаёт, муъҷизаи бебаҳои табиат ва асоси пайдоишу пойдории олам аст.

Қиммату аҳамияти обро инсоният аз замонҳои қадим хуб медонад. Об ҳатто дар тақдиру қисмати инсонҳо нақшгузор аст. Одамон ҳамеша барои он кӯшиш ба харҷ медоданд, ки хонаю ҳавлиашонро дар ҷойҳои сероб бунёд намоянд, зеро об сарчашмаи ҳаёт аст.

Об дар шукуфоии тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ мавқеи асосӣ дорад. Деҳқонон ва боғдорон нисбат ба оби равон муҳаббат ва эътиқоди бузург мепарваранд, чунки файзу тароват ва хайру баракати корашон ва рӯзгорашон аз об аст. Ташаббусу ибтикори Пешвои миллат вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нуфузи байналмилалии ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро боз ҳам афзунтар намуд. Масъалаи оби тоза ва истифодаи он ба таври ҳамешагӣ аз масоили умдатарини сайёра хоҳад монд. Ин масъала дар муассисаҳои таълимӣ низ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Шогирдони мо бояд дар бораи об, аҳамияти он, манбаъҳои об ва ободонию обёрӣ маълумоти саҳеҳу зарурӣ дастрас намоянд. Устодон ба онҳо бояд дар бораи ибтикору иқдомоти Пешвои миллат вобаста ба мушкилоти истифодаи оби тоза дар арсаи байналмилалӣ, дар бораи аҳамияти тозагии муҳит ва дарёҳову чашмасорон ба таври муассиру ҷолиб ҳикоят кунанд ва таъкид намоянд, ки дар покиза нигоҳ доштани манбаъҳои об ва истифодаи  босарфаю оқилонаи ин сарвати арзишманди табиӣ ҳар яки онҳо бояд ҳиссагузор бошанд, зеро:

Об бошад сарвати

волотарин,

Ҳар диёреро намояд

нозанин.

Малика Раҷаббекова,

омӯзгори биологияи гимназияи №74, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш