Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор бояд ҳамадон бошад

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

Омӯзгорӣ масъулияти баланд аст. Аз омӯзгор дар баробари хуб донистани фанни таълимиаш суханвару сухандон будан, аз навгониҳои замон огаҳӣ доштан, ба  технологияҳои муосир кор карда тавонистан… талаб карда мешавад. Инчунин, ҳар як омӯзгор бояд аз асосҳои илмҳои педагогикаю психология хуб огаҳ бошад ва талаботу нишондодҳои ин илмҳоро дар фаъолияти худ васеъ истифода барад. Ҳар як омӯзгор дар баробари фаъолияти муқаррарии дарсдиҳиаш маъмулан роҳбари синфе ҳам мешавад, вазифаи ҷамъиятиеро иҷро менамояд, бо волидон ва бо аҳли ҷомеа ҳамкорӣ мекунад, ки ин ҳама дониши васеъ ва омодагии ҳамешагӣ тақозо доранд. Аз ҷумла, кулли омӯзгоронро мебояд, ки аз хусусиёти синнусолии хонандагон ва тавсифномаи шогирдон  вобаста ба давраҳои синнусолии онҳо огаҳӣ дошта бошанд, то ҷараёни таълиму тарбияро дурусту самаровар ба роҳ монанд. Маълум, ки дар заминаи дастури педагогика давраҳои зерини синнусолии кӯдакону мактабиён муқаррар карда шудааст:

1.Ширхорагӣ: аз тавлид то яксолагӣ,

2.Томактабӣ: аз як то сесолагӣ;

3.Синни  хурди мактабӣ: аз ҳафт то ёздаҳсолагӣ;

4.Наврасӣ: аз ёздаҳ то понздаҳсолагӣ;

5.Навҷавонӣ: аз шонздаҳ то 18-солагӣ.

Дар ҳар як давраи мазкур дар хонандагон тағйирот ба мушоҳида мерасад, вале ин давраҳо бо ҳам алоқамандии устувор доранд, давоми якдигаранд. Ба давраҳои синнусолӣ инкишофи ақлонию ҷисмонӣ ва равонӣ (психикӣ)-и хонандагон хос аст. Илми педагогика махсусиятҳои асосии давраҳои инкишофи синнусолии хонандагон ва тавсифи ҳар як давраро муайян кардааст. Масалан, давраи синни хурди мактабӣ заминагузори донишандӯзиву ташаккули ақлонии кӯдак буда, нисбатан давраи мураккаб тавсиф мешавад. Ӯ тадриҷан бо муҳити донишандӯзӣ, ҳамбастагию ҳамкорӣ хӯ мегирад, вобаста ба талабу супоришҳои омӯзгор ҳисси масъулият пайдо мекунад, ба навгониҳои зиёде дар муҳит дучор меояд, дӯстон дармеёбад. Ин ҳамаро дарку қабул кардан чандон осону саҳл нест ва он дахолати ҳатмии омӯзгорро металабад.

Давраҳои дигари синнусолӣ низ аз ин гуна махсусиятҳо орӣ нестанд ва омӯзгор бояд аз ин ҳама огаҳ бошаду ин ҳамаро дар фаъолияташ ба назар бигирад.

Зумрад Муродова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш