Нашрияи Омӯзгор

Таълими физика такмил мехоҳад

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 887        Шарҳ: 0

Бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар Академияи илмҳо ҳамоиши муштараки илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Такмили маҳорати таълими фанни физика дар татбиқи ҳадафи чоруми миллии ҳукумат-саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш аз ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ омӯзгорон ҷамъ омада буданд. Онро академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов оғоз бахшида, дар мавзӯи «Дастовардҳои физикони тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ» маърӯза намуд. Мавсуф оид ба дастовардҳои Академияи илмҳо сухан ронда, аз ҷумла, дар бораи дастовардҳои Институти физика-техникаи ба номи С.Умаров, ба монанди ба вуҷуд овардани кристаллҳои нав, ки дар истеҳсолоти ватанӣ васеъ истифода мешаванд, ҳосил кардани ҳарорати паст, барқароршавандагии энергия, реактори ядроии Аргус ва инкишофи илми астрофизика дар Тоҷикистон (аз ҷумла, оид ба расадхонаи калонтарини ҷумҳурӣ «Санглох», ки барои мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ пешбинӣ шудааст) бо истифода аз воситаҳои техникӣ маълумоти мушаххас ироа намуд.

Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода дар бораи ҳиссаи омӯзгорони физика дар такмили таълиму тарбияи хонандагон изҳори ақида намуд. Ӯ иброз намуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 1675 нафар омӯзгори ғайриихтисос ба хонандагон аз физика дарс мегӯянд. Мавсуф изҳори боварӣ намуд, ки ҳамоиши имрӯзаи омӯзгорони физикаи ҷумҳурӣ дар пешрафти таълими физика дар муассисаҳои таълимӣ такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Дар идомаи ҳамоиш боз чанд маърӯза дар мавзӯъҳои мубрами вобаста ба таълими фанни физика шунида шуд.

Омӯзгорон изҳор намуданд, ки дар таълими физика дар баробари комёбиҳо баъзе камбудиҳо низ ҷой доранд, ки ислоҳи он барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тадриси ин фан мусоидат хоҳад кард.

1. Нарасидани китобҳои дарсии физикаи синфҳои 7 ва 8 (бахусус, синфи 8) дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба чашм мерасад. Дар соли таҳсили оянда нашри бештари китоби физикаи синфҳои 7-8 хеле зарур мебошад. Омӯзгорон изҳори андеша намуданд, ки китоби тарҷумашудаи физикаи синфҳои 11 барои хонандагон бисёр душворфаҳм аст. Инчунин, омӯзгорон дар китоби синфи 10 мавҷуд набудани баъзе мавзӯъҳоро ёдрас шуданд.

2. То имрӯз барномаи таълимии физика ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ барои омӯзгорон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда нашудааст. Омӯзгорон ҳоло аз барномаҳои таълимии солҳои 2006, 2009 бе тасдиқи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Вақти он расидааст, ки барномаи физика барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои типи нав дар алоҳидагӣ тартиб дода шавад.

Солҳои охир дар синфҳои 10-и литсей ва гимназияҳо омӯзиши фанни астрономия ҷорӣ карда шудааст. Вале то ҳол аз барнома ва китоби дарсии астрономияи синфи 10 дараке нест. Омӯзгороне, ки дар синфҳои 10 ва 11 дарс мегузаранд, аз барнома ва китоби дарсии астрономияи синфи 11 истифода мебаранд.

3. Асоси физикаро таҷриба ташкил мекунад. Бе истифодаи асбобҳои аёнӣ ва техникаи муосир таълими физикаро тасаввур кардан душвор аст. Имрӯз кабинетҳои физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ чандон муҷаҳҳаз нестанд. Асбобҳо ва воситаҳои техникии дар ихтиёри муассисаҳои таълимӣ вуҷуддоштаи замони Шӯравӣ корношоям шудаанд. Нархи имрӯзаи асбобҳои физикӣ, ки барои намоиш додан истифода мешаванд, хеле гарон аст ва на ҳар як муассисаи таълимӣ аз уҳдаи хариди онҳо баромада метавонанд.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки дар назди пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ё дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мошинаҳои сайёр ташкил карда шаванд, ки онҳо бо таҷҳизоти физикӣ барои гузаронидани корҳои лабораторӣ пурра муҷаҳҳаз бошанд ва ин мошин-лабораторияҳо мувофиқи реҷа ба муассисаҳои таълимӣ рафта, дар гузаронидани корҳои лабораторӣ ба омӯзгорон ёрӣ расонанд.

4. Имрӯз омӯзгорони физика ба дастурҳои методӣ ниёз доранд. Барои амалӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика дастури методии «Роҳнамои физика» барои синфҳои 9, 10, 11 ба дасти омӯзгорон расидааст. То имрӯз «Роҳнамои физика» барои синфи 7 ва 8 дастраси омӯзгорон нашудааст. Ин дастурҳо низ (ба истиснои «Роҳнамои физика» барои синфи 11) камбудиҳо дошта, моҳияти муносибати босалоҳиятро дар таълими фанни физика бо пуррагӣ инъикос накардаанд.

Муаллифони дастурҳоро мебояд, ки дар чопи минбаъдаи чунин дастурҳо маводи бештар фарогиру муҳимро пешниҳод намоянд.

5. Ба фаъолияти кабинетҳои методии ноҳия ва шаҳрҳо бояд омӯзгорони пешқадам ва собиқадорро ҷалб намоем. Вазифаи онҳо на тафтиши кори омӯзгор, балки расонидани ёрии методӣ бошад.

6. Дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ бояд кафедраҳои методикаи таълими физика барномаи физикаи мактабиро ба инобат гирифта, ба донишҷӯён шароит муҳайё созанд, то ки омӯзгорони оянда тарзи гузаронидани корҳои лабораторӣ ва практикумҳои физикиро ба таври комил аз бар намоянд.

7. Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои мактабӣ, аз ҷумла, физика тақозои замон мебошад. Ин усули таълим ҳамкории омӯзгору хонандаро боз ҳам тақвият бахшида, фаъолияти хонандагонро дар лаҳзаҳои гуногуни дарс бештар месозад. Агар омӯзгорон дар дарсҳои ҳамарӯзаи худ ин усулро самаранок истифода намоянд, салоҳиятнокии омӯзгору хонанда ба пешравии сифати таълиму тарбияи физика сабаб хоҳад шуд.

Иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 феврали соли 2010, №89) «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 ноябри соли 2017, №544) «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» омӯзгорони муассисаҳои таълимро водор месозад, ки барои дар амал татбиқ намудани ин барномаҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои шоиста омода бошанд.

 

 Тӯрақул ҶУМЪАЕВ,

 собиқадори маориф,

 омӯзгори физикаи литсейи №3

 барои хонандагони болаёқати

 шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш