Нашрияи Омӯзгор

Беҳтарин ёри вафодор - китоб

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

Ман ҳамчун роҳбари синфи шашум як дарси тарбиявии худро дар васфу ситоиши китоб дар мавзӯи «Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб» гузаронида, дар ниҳоди хонандагон меҳру муҳаббат ба китобу китобхонӣ ва завқу ташаккули зебоипарастиро бедор менамоям. Маъмулан, дар машғулияти худ аз васоити аёнӣ, дастгоҳи техникӣ ва шиору навиштаҷот дар бораи аҳамияти ҷовидонии осори бадеӣ ва суханони бузургон дар ситоиши китоб истифода менамоям. Нахуст дар боби нақши муассир ва маърифатию ахлоқии осори бадеӣ ба таври мухтасар маълумот дода, ин порабайтро ҳамчун исботи гуфтаҳои хеш қироат мекунам:

Бе китоб, эй дӯстон, дунёи мо

норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан

аст.

Ба шогирдон тавзеҳ медиҳам, ки иқтидори неруи миллат дар фарҳангу адабиёт ва китоб аст. Беҳуда нест, ки душманони аҷнабӣ ҳангоме ки ба сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ҳуҷум мекарданд, аввалқадам ба несту нобуд намудани китобҳои гаронарзиш даст мезаданд. Ба хонандагон хитобан мегӯем, ки шумо хуб медонед, ки осори безаволи шоирону нависандагони классикии мо маҳз тавассути китоб то замони мо расида, олами тафаккури моро мисли субҳ равшан менамояд. Аз ин рӯ, шоире неку фармуда:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст,

китоб,

Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.

Сипас, хонандагон бо навбат сухан карда, перомуни китоб ва мутолиа андешаҳои худро иброз медоранд. Аз ҷумла, Мутриба мегӯяд, чун андешидам, агар китоб намебуд, мо аз Рӯдакию Сино, Фирдавсию Хайём, Мавлавию Ҷомӣ, Ҳофизу Саъдӣ бехабару бебаҳра мемондем, тамоми ҳастиямро даҳшат фаро мегирад. Бо шукри дучанду муҳаббати бепоён ба китобҳоям рӯ меорам. Иброҳим, шогирди дигарам, изҳор медорад, ки китоб нурбахш аст ва ҳар қадар инсон китобхон бошад, ҳамон қадар нуронист. Шукрона бошад, мегӯяд, ки агар дӯстонатро шуморидан хоҳӣ, китобро фаромӯш макун.

Дар охир ба хонандагон таъкид мекунам, ки имрӯз дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз аст. Талаби илм кунед, зеро илм соҳиби худро қодир ба ташхиси хуб аз бад менамояд…

 

Зулфия БОЕВА,

омӯзгори мактаби №45,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш