Нашрияи Омӯзгор

Зебопараст бояд буд

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

Дуруст ташкил кардани корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи зебоипарастии хонандагон нақши муҳим мебозад. Мақсаднок  ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия дар дарс ва корҳои беруназсинфӣ дар ниҳоди хонандагон ҳисси ҳақиқии зебоиро ба вуҷуд оварда, онҳо ба ин васила ба дунёи санъат, мусиқӣ, рақс, гуфтори бадеӣ ва дар маҷмӯъ, ба олами фарҳангу маданият ворид мешаванд. Наврасонро чунон тарбия намудан зарур аст, ки дар мактаб, оила, кӯча, майдонча, табиат... зебоиро бинанд, дар муҳити атроф, дар лаҳзаҳои дамгирӣ, хулоса, дар ҳар як лаҳзаи ҳаёти ҳаррӯза зебоиро дарёбанд.

Таълими фанҳои адабиёт, таърих, суруд ва мусиқӣ, санъати тасвирӣ дар тарбияи зебоипарастии наврасон нақши муҳим доранд. Бинобар ин, омӯзгорони фанҳои мазкур дар тарбияи зебоипарастии хонандагон масъулияти бештар доранд. Инчунин, зебову назаррабо ва ҷолиб таҷҳизонидани синфхона, маҷлисгоҳу даҳлезҳо, роҳравҳои муассисаҳои таълимӣ низ дар тарбияи зебоипарастӣ аҳамияти калон доранд.

Дар тарбияи зебоипарастии хонандагон нақши асосиро роҳбари синф мебозад. Аз ин рӯ, ӯ мебояд дар соатҳои тарбиявӣ оид ба ин масъала бо хонандагон суҳбатҳо ташкил намояд. Ҳангоми корҳои беруназсинфӣ дар мавзӯъҳои “Шеъру ғазал дар васфи зебоӣ”, “Нависанда ва қаҳрамони  дӯстдоштаи ман”, “Китобҳои дӯстоштаи ман” “Шумо тамошои кадом филмро дӯст медоред?” ва ғайра чорабиниҳои манфиатнок бояд гузаронад, зеро онҳо дар тарбияи зебоипарастии бачаҳо нақши мондагор мегузоранд.Хонандагон бояд ҳикмати зебоиро дарк кунанд. Аз поймол кардан, шикастан ва вайрон кардани ашёву асбобҳои мактабию чамъиятӣ худдорӣ кунанд. Ба бачаҳо бояд фаҳмонем, ки инсонҳо ботинан ва зоҳиран зебо офарида шудаанд. Роҳу усулҳои тарбияи зебоипарастӣ гуногунанд ва вазифаи мо, омӯзгорон, истифодаи бамавриду муассири онҳо мебошад.

Гулнамо Ашӯрова,

ҳакимбек Замиров,

омӯзгорони мактаби №63-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш