Нашрияи Омӯзгор

Зебоӣ аз нигоҳи кӯдакони нобино

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

Мо-инсонҳои рӯйи замин ҳама як ҷузъи ин олам ҳастем. Ҳар як нафари мо бо кӯшишу талошҳои худ метавонем дар ин ҷаҳон зебоӣ биофарем, бар зебоии ин олам биафзоем. Дар ҳар як амали мо, аз қабили сухан гуфтан, хӯрок хӯрдан, либос пӯшидан, роҳ гаштан, нишастан, сурудан, рақсидан, қироат намудан, расм кашидан, эҷод кардан зебоие нуҳуфтааст. Пас, инсонҳо метавонанд, зебоиофар бошанд ва ҳаёти худу атрофиёнро рангинтару зеботар гардонанд.

 Дар муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин, ки банда ҳамчун омӯзгор айни замон дар он фаъолият дорам, хонандагони  нобино ва сустбин ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Бачаҳои мо, асосан, зебоиро бо ламс кардан дар зеҳнашон тасаввур мекунанд.  Масалан, ҳангоми дохили синфхона шудан ҳавои тоза омехта бо накҳати гулҳои гуногун ба машомашон мерасад. Онҳо ба самти тиреза мераванд, зеро бӯйи хуш аз тирезаҳои кушода ба синфхона ворид мешавад. Гулҳоеро, ки дар назди тиреза сабзидаву қад кашидаанд, бо даст ламс мекунанд. Ҳамчунин, ба гулҳои гулдонҳои дохили синфхона низ боэҳтиёт даст зада, бӯй мекашанд. Аз омӯзгор ё мураббиҳо бо шавқ мепурсанд, ки ин чӣ гуна растанист, ранги ӯ чӣ тавр аст ва чӣ гуна пайдо шудааст? Вақте муаллим ба суолҳои бешумори бачаҳо посухҳои мушаххас медиҳад, онҳо дар зеҳнашон зебоиву таровати ин гулҳоро тасаввур мекунанд. Зебоии табиат, зебоии гулҳоро ба таври худ мебинанд, аз нигоҳи худ, бо чашми дил. Боз мепурсанд, ки ин ҳама зебоӣ аз куҷо маншаъ гирифтааст. Кӯдакон хештанро дар оғӯши табиати зебо, осмони беғубор, ҳавои тозаю соф, зери борони найсон, дар гӯш нағмасароии булбулони боғу чаман тасаввур мекунанд. Кӯдак дар олами зебоӣ ғарқ мешавад, зеро зебоӣ ӯро ба худ ҷалб кардааст. Зебоии як гули одӣ, ки дар ҳавлии муассиса ё дохили як гулдон шукуфтааст, қодир аст, дар ботини як тифли маъсуми имконияташ маҳдуд чӣ қадар шодиҳо офарад ва як кӯдаки нобиноро бо зебоӣ ва хушбӯияш ба дунёи дигаре барад. Хонандагони мо тӯли як ҳафта, шабонарӯзӣ дар муассиса ҳастанд ва хобгоҳ хонаи дуюми онҳо ба шумор меравад. Бачаҳо дар вақти холӣ ба хондани китобҳои бадеӣ, ҳикояву афсонаҳо, расмкашӣ, ба гузаронидани бозиҳои гуногуни шавқовар ва тамошои оинаи нилгун машғул мешаванд. Шабона, пеш аз хоб дасту рӯй ва дандонҳояшонро мешӯянд, сару либосашонро иваз ва рахти хобашонро омода мекунанд. Бо иҷрои ин амалҳо онҳо дар зеҳнашон тасаввур мекунанд, ки дунёи атрофашон зеботар гардид. Рафтору ҳаракатҳои ҳар яки онҳоро мураббиҳои ғамхору меҳрубон назорат мекунанд, аммо бачаҳо талош меварзанд, ки худашон амали шоистае анҷом диҳанд ва дар зебоиофарӣ саҳм гузоранд.

 

Аслбӣ Саидова,

омӯзгори муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш