Муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз рӯзи аввали ташкил шуданаш бинои асосӣ надошт. Хушбахтона, дар арафаи саршавии соли нави хониши 2017-2018 баъди ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии №1-и ноҳия бинои кӯҳнаи он ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия дода шуд. Он аз 6 синфхона ва утоқи кории директор иборат мебошад. Тавре ки директори Марказ Исмоил Мибуллоев гуфт, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дониши хуби касбидошта ба роҳбарии маҳфилҳои фаннӣ ҷалб карда мешаванд. Айни замон дар Маркази таҳсилоти иловагӣ 18 корманд дар маҳфилҳои бофандагӣ, хониши бадеӣ, дӯзандагӣ, чеварӣ, зардӯзӣ, дуредгарӣ, ҳусни хат, экологи наврас, ихтироъкори ҷавон, рассомӣ ва шашка бо фарогирии 220 нафар писару духтар фаъолият доранд. Фаъолияти маҳфилҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва дуредгарӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр