Нашрияи Омӯзгор

Мусиқӣ ҳаёт аст

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

Таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар мактаб-интернатҳои махсус хусусиятҳои хоси худро дорад. Муҳаббат ва шавқу рағбати  хонандагон ба фанни мазкур ҳамон вақт пайдо мешавад, ки агар дар раванди баргузории он мусиқии хуб садо диҳад.

Дарсҳоро аз машқҳои вокалӣ шурӯъ намудан беҳтар аст. Онҳо овозро дар иҷро намудани суруд омода месозанд. Омӯзгор бояд дар як дарс аз рӯйи ду-се суруд кор кунад. Зеро коркарди як суруд кӯдаконро зуд хаста мекунад ва ин боиси заиф шудани қобилияти шунавоӣ ва дарсазхудкунии онҳо мегардад. Муаллими суруд ва мусиқӣ дар мактаб бояд дар бораи асбобҳои мусиқии миллии тоҷикӣ, аз қабили рубоб, дутор, сетор, танбӯр, чанг, ғижжак, най, сурнай, қӯшнай (карнай), дойра, таблак ва асбобҳои мусиқии дигар миллатҳои олам, амсоли фортепианно, аккордеон, баян, кларнет, флейта, балалайка, гитар ва ғайраҳо тасаввуроти комил дошта бошад. Илова бар ин, омӯзгори фанни мазкурро мебояд якчанд асбоби мусиқиро навохта тавонад. Вақте ки муаллим яке аз асбобҳои мусиқиро хуб, форам ва бехато менавозад, шавқу рағбати хонандагон ба фанни суруд ва мусиқӣ бештар мегардад.

Истифодаи аёният низ дар мактаб-интернати махсус қобилияти хонандагони имконияташон маҳдудро бештар мегардонад. Истифодаи ҳар гуна сурат, нақша, бозича, диафилмҳо ва сабтҳои мусиқӣ ҷараёни дарсро муассиру рангин месозад. Муаллим бояд ин гуна айёниятҳоро худаш омода кунад. Китобҳои ҷолиб низ шавқи хонандагонро ба фанни суруд ва мусиқӣ зиёд мекунад. Методу усулҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки дар дарси суруд ва мусиқӣ бо хонандагони имконияташон маҳдуд метавон аз онҳо истифода бурд.

Албатта, кор бо бачаҳои имконияташон маҳдуд барои муаллим мушкилӣ пеш меорад. Инро дар таҷрибаи омӯзгории худам мушоҳида кардаам. Дар рӯзҳои аввал хонандагон нисбат ба дарс беаҳамиятӣ мекунанд. Муаллим дар ин маврид бояд усули бозиро истифода барад, чунки истифодаи ин усул метавонад шавқи хонандагонро ба дарс бештар кунад. Муаллим дар ин ҳолат метавонад, ки фортепианно навозад, тарзи дуруст талаффуз намудани шеърро ба хонандагони сустхон нишон диҳад. Суруд-бозиро бештар дар мавзӯъҳои афсонавӣ истифода бурдан мумкин аст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи асбобҳои аёнӣ дар дарс шавқи хонандагонро бештар гардонида, ҳатто, кӯдакони камгап ва шармгин низ ба бозӣ ва сурудхонӣ ҳамроҳ мешаванд. Оҳиста-оҳиста дар онҳо тарзи дуруст талаффуз кардани нотаҳо мушоҳида карда мешавад. Иҷро намудани суруд ва сурудҳои гурӯҳӣ (хорӣ) дар хонандагони гирифтори бемории Олигофрен қобилияти фикрронӣ ва нутқи онҳоро беҳтар намуда, ҳисси зебоипарастиро дар замирашон нисбат ба гирду атроф бештар менамояд. Хубтар мешуд, ки дарси суруд ва мусиқӣ дар ҳуҷраҳои махсус бо таҷҳизоти мусиқӣ ва сурату аксҳои композиторон, ҳофизон ва навозандагон гузаронида мешуд.

 

Амирхоҷа ИСМАТУЛЛОЕВ,

омӯзгори мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии№2-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш