Нашрияи Омӯзгор

Эҷодкорӣ дар меҳвари таълим

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

Маводи дидактикӣ дар асоси барномаи таълимии синфҳои ибтидоӣ (аз ҷумла, дар синфи 3) бештар барои кори мустақилона ва бозиҳои математикӣ дар лаҳзаи дамгирӣ истифода бурда мешаванд. Материалҳои дидактикӣ мавзӯъҳои гузашта ва навро мустаҳкам карда, дарсҳои математикаро самаранок ва шавқовар менамоянд. Яке аз намудҳои он кор бо варақчаҳо мебошад.Кори мустақилона бо варақчаҳо вақти омӯзгорро сарфа намуда, лаҳзаҳои дарсро фарогиртар мегардонад. Супоридани варақчаҳо ба хонандагон имкон медиҳад, ки мавзӯи гузаштаро мустаҳкам намоянд ва хулосаҳои зарурӣ бароранд.Омӯзгор метавонад, ки  варақчаҳоро дар аввали дарс, мобайни дарс (кори гурӯҳӣ) ва охири дарс (арзёбӣ) бо аҳли синф бо мақсади муайян кардани дониши хонандагон истифода барад. Барои арзёбии мавзӯи нав дар охири дарс аз варақчаҳо истифода бурдан дониши хонандагонро мустақкам ва тафаккури зеҳнии онҳоро бой намуда, самаранокии кори мустақилонаи хонандагонро муайян мекунад.

Баъд аз ба охир расидани кори мустақилона омӯзгор бояд кори шогирдонашро ҷамъбаст ва хатоҳои онҳоро ошкор намояд. Хонандагонеро, ки муваффақият ба даст оварданд, ҳавасманд бояд кард.Ҳангоми ба аҳли синф супоридани варақчаҳо ба хонандагони сустхон супоришҳои нисбатан сода дода, ба онҳо бештар кор бояд бурд ва натиҷаи корашонро ба инобат гирифта, муваффақият ва хатоии онҳоро қайд бояд кард.

Зебонисо Давлатова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш