Нашрияи Омӯзгор

Зеҳнро ангезиш мебояд

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 770        Шарҳ: 0

Мушкилиҳое, ки дар фаъолияти касбии омӯзгор ба вуқӯъ меоянд, дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва омӯзиши пайдарпай ҳалли худро меёбанд.

Аз таҷрибаи омӯзгории чандинсолаи хеш мушоҳида кардам, ки қобилияти гӯш намудан, дар хотир нигоҳ доштан ва бозгӯйӣ кардан дар аксарияти хонандагон он қадар хуб инкишоф наёфтааст. Ҳамин мушкилӣ водорам сохт, ки якчанд усулу методро, ки дар таҷрибаи кориам андухтаам, ба ҳампешагон пешниҳод кунам.

Аввалин чизе, ки аз шогирдон талаб бояд кард, риояи қоидаҳои умумии гӯш кардан аст. Яъне хонанда бояд:

- ба суханони ҳамсинфон, омӯзгорон ва калонсолон бодиққат гӯш кунад;

- ҳангоми суҳбат ба гӯянда нигоҳ кунад;

- фикрҳои дигарро, ки ба гӯш кардан халал мерасонанд, ба як сӯ гузорад;

- ба садоҳои атроф аҳамият надиҳад;

- қоматашро рост ва озод нигоҳ дорад.

Дуввум усуле, ки пеш аз оғози дарси нав истифода бояд кард, ин «Ангезиши зеҳн» аст, ки ба ташаккули фикрронии хонанда ёрӣ мерасонад.

Масалан, агар мавзӯи дарсамон оид ба ҳайвонот бошад, фикри онҳоро ба воситаи чистонҳо ба мавзӯъ ҷалб намудан мувофиқи мақсад аст.

Каллаи чун хум дорад,

Дар даҳонаш дум дорад.

 (Фил)

Кӣ бошад ин паҳлавон,

Паҳлавони бешабон.

Хоболуди зимистон,

Марди кори тобистон?

(Хирс)

Усули дигар бозии «Машқи хотира» мебошад. Масалан, даҳ нафар хонандаро ба назди лавҳаи синф даъват намуда, аз онҳо хоҳиш менамоем, ки бо ҳарфи аввали номи худ ягон сифат хамроҳ кунанд. Масалан: Шаҳноза – шоиста, Мадина – меҳрубон, Самира – соҳибҷамол, Раҳим – раҳмдил, Саид – сулҳдӯст, Адолат – азиз ва монандаи инҳо.

Раванди бозӣ чунин сурат мегирад. Даҳ нафар ном ва сифатҳоро баён мекунанд. Ҳар хонандае, ки даҳ хонандаро бо сифатҳояшон беғалат номбар мекунад, ғолиб дониста мешавад.

Таҷриба нишон дод, ки дуруст гӯш кардан яке аз роҳҳои муҳими омӯхтан ба ҳисоб меравад. Дар сурати дуруст ташаккул додани малакаи шунидан хонандагон метавонанд ба натиҷаҳои беҳтар ноил гарданд.

Латофат АЛИМОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

литсейи «Раҳнамо»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш