Нашрияи Омӯзгор

Ҳамбастагӣ - омили  баланд гардидани сифати таълим

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

Нависандаи  бузурги рус Лев Толстой дар бораи муаллим гуфтааст:  «Агар омӯзгор муҳаббат ба касби худ ва муҳаббат бо хонандаро бо ҳам пайвандад, ӯ омӯзгори ҳақиқӣ аст».

Муваффақияти омӯзгорон аз робитаи мактаб бо волидайни хонанда вобаста аст. Волидон бояд ҳатман дар машғулиятҳои омӯзгорон иштирок намоянд.

Бо кумаки омӯзгор ва дастгирии волидайн метавон дар заминаи назорати дутарафа сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, хонандагонро  барои хуб хондан ҷалб намуд.  Омӯзгор бояд эҷодкор ва навҷӯй бошад. Омӯзгорон бо гузаронидани дарсҳои кушод сатҳи  донишу ҷаҳонбинии хонандагонро баланд мебардоранд. Ташкил намудани маҳфилҳои фаннӣ дар мактаб ва  робита бо «Академияи хурди илмҳо»-и АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳавасмандии хонандагонро дар самти омӯзиши бештар ва дарсазхудкунӣ зиёд менамояд.

Вазифаи асосии мактаб тарбия ва таълим аст, аз ин рӯ, дар таърихи инкишофи педагогика таълиму тарбияро дар ҷойи аввал гузоштаанд, зеро тавассути омӯзиш хонандаро мебояд ба зиндагии мустақилона омода намоем.

Дар ҷаласаи ЮНЕСКО, соли 1996  Жак Делор ба чор ҷанбаи салоҳиятҳои хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла, таъкид кард, ки мактаб бояд ба хонанда маърифат ҳосил намудан, иҷро кардан, якҷоя зиста тавонистан ва зиста тавонистанро омӯзад.

Гузаштагони мо ба мавқеъ фармудаанд: «Биомӯзем, то биомӯзонем». Ин беҳуда нест, зеро барои ба камол расонидани як фарзанди  солим ва таъмини сифати таҳсилот бояд дар муассисаи таълимӣ заҳмати зиёде кашид, ки ин вобаста ба таълими дурусти мактабу омӯзгор, тарбияи хуби оила ва бетараф набудани ҷомеа аст.

Омили дигар, фаъол будани сомонаи интернетии мактаб аст, ки волидайн метавонанд ҳамарӯза бо истифода аз он аз хониши фарзандонашон огоҳӣ пайдо намоянд. Масалан, дар он баҳоҳо, давомоти хонандагон дар журнали электронӣ сабт шуда, волидон ба осонӣ ба таври мустақим (онлайн) натиҷаи дарсазхудкунии фарзандашонро назорат карда метавонанд.

 

Матлуба  САИДОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №60-и

ноҳияи  Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш