Нашрияи Омӯзгор

«Ҷилваи ҳунар»

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 854        Шарҳ: 0

Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар байни донишҷӯдухтарони донишгоҳ озмуни «Ҷилваи ҳунар»  гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстию ватанпарварии ҳар як ҷавони кишвар мебошад. Дар  озмун довталабон аз тамоми факултаҳои донишгоҳ ширкат варзида, ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, куртаҳои гуногуни чакан, чодарҳои чакандӯзиро баҳри тамошобинон ба намоишгоҳ гузоштанд.Ҳайати ҳакамон ҳунарҳои гулдухтарони донишгоҳро аз назар гузаронида, ба ҳунари 7 нафар баҳои баланд дода, ба даври дуюми озмун роҳхат доданд. Дар даври дуюм аз байни 7 нафар  соҳибҳунар 3 нафарашон бо ҳунари  волои худ ғолиби озмун дониста шуданд: Шоираи С - донишҷӯи курси 4-уми факултаи физика ва математика (ҷойи аввал), Ф.Барфакзода донишҷӯи курси 3 –юми факултаи филологияи тоҷик (ҷойи дуюм) ва Шаҳлои Х донишҷӯи курси 2 –юми факултаи филологияи тоҷик (ҷойи сеюм)ро сазовор гаштанд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои таъсиснамудаи шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ  қадрдонӣ карда шуданд.

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»    

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш