Нашрияи Омӯзгор

Чаро хонандагони мактаб-интернатҳо дар олимпиадаҳо пирӯз намешаванд?

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

Бо шарофати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат арзёбӣ намудани ин соҳаи калидӣ иштироки хонандагони гимназия ва литсейю мактабҳои Президентӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он сол то сол тақвият ёфта, теъдоди ғолибони ин олимпиадаҳо зиёд шуда истодааст.

Суоле ба миён меояд, ки чаро иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бахусус, мактаб-интернатҳо барои хонандагони ятиму бепарастор дар олимпиадаҳои фаннӣ натиҷае ба бор намеорад? Дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарбиятгирандагони чунин муассисаҳои таълимӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор доштанд ва беҳтарин кадрҳо ва шахсиятҳои арзанда аз шумори муҳассилини ин  муаассисаҳо буд. Пас, сабаб чист, ки имрӯз хонандагони муассисаҳои таълимии мазкур дар олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъол надоранд?

Масъалаи мазкур дар Шӯрои директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи гимназия ва литсейҳои Президентӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат дар самти иштирок дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муовини директор оид ба таълими литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Рухсора Назарова ва омӯзгори фанни таъриху ҳуқуқи мактаби Президентии ноҳияи Данғара Давлат Шерализода дар хусуси роҳу усулҳои омода намудани хонандагон ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳо  ибрози ақида намуданд.

Шароити мусоид ва муҳити орому созгор барои донишандӯзии шогирдон, таъмин будан бо воситаҳои технологияи иттилоотӣ, пояи моддӣ-техникии ҷавобгӯи талаботи замони муосир ва истифодаи роҳу усулҳои фаъолу инноватсионии таълим дар литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва мактаби Президентии ноҳияи Данғара яке аз омилҳои муҳими иштироки фаъолонаи хонандагон  ва ба даст овардани ғолибият дар олимпиадаҳои фаннӣ маҳсуб меёбад.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди донишандӯзӣ ва инкишофи нутқи хаттию шифоҳии хонандагон дар литсейи номбурда омӯзгорон ба шогирдон донишҳои иловагӣ дода, маҳорату малака, лаёқат ва қобилияти эҷодкории онҳоро такмил медиҳанд. Ҳамзамон, роҳбарияти литсей дар қисми иловагии нақшаи таълимӣ машғулиятҳоеро дохил менамояд, ки тавассути онҳо хонандагон имконияти фароғат карданро пайдо мекунанд. Ин омилҳо барои инкишофи ҷисмонию руҳӣ ва зеҳнии кӯдак мусоидат менамоянд. Илова бар ин, тибқи қарори Шӯрои педагогӣ дар муассиса  барномаи дарозмуддати «Кӯдакони болаёқат» қабул карда шудааст. Тибқи ин барнома, шурӯъ аз соли 2015 дар литсейи номбурда ҳаракати олимпӣ амал менамояд. Дар оғози ҳар як соли нави таҳсил гурӯҳҳои омодагӣ ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳо таъсис дода шуда, роҳбарии ин гурӯҳҳо ба зиммаи омӯзгорони ботаҷриба гузошта мешавад. Хонандагони синфҳои 5-11 аз рӯйи майлу хоҳиш, лаёқат ва истеъдоду дониш метавонанд, ки дар асоси озмун ба ин гурӯҳҳо шомил шаванд. Гурӯҳҳои олимпӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамин тавр, муассиса дар самти ҳаракати олимпӣ сол то сол дастовардҳои наҷибро соҳиб шуда, дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҳисоби натиҷаҳои ба даст оварда дар ҷойи якум меистад. Айни замон хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанни математика, арифметикаи зеҳнӣ, озмуни байналмилалии лоиҳаҳои илмӣ, озмуни байналхалқии лоиҳаҳо доир ба технологияи иттилоотӣ, озмуни лоиҳаҳо доир ба экология ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявии даставии мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат иштироки фаъолона доранд. Ҳамзамон, дар литсей дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Империяи дониш» машғулиятҳои «Мактаби маҳорати ташаб-бускорӣ ва нотиқӣ» («Школа предпринимательство и ораторского мастерство») барои хонандагони синфҳои 8-10 ва «Арифметикаи зеҳнӣ («Ментальная арифметика»)» барои хонандагони синфҳои 1-7 амал менамоянд. Шурӯъ аз соли 2013 гурӯҳи Академияи хурд аз рӯи фанҳои таълимии химия, биология, география ва математика доир ба мавзӯъҳои гуногун лоиҳаҳои илмиро омода намуда, дар анҷоми соли таҳсил, дар конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ онҳоро ҳимоя менамояд.

Ба ҳамин монанд, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби Президентии ноҳияи Данғара Давлат Шерализода оид ба раванди тайёр кардани хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳо дар ин самт маърӯза намуд.

Аз маърӯзаи Д. Шерализода маълум гардид, ҳаракати олимпӣ ва иштироки фаъолонаи хонандагони мактаби Президентии ноҳияи Данғара низ дар сатҳи баланд қарор дорад. Танҳо дар ду соли охир нишондодҳои хонандагони ин муассисаи давлатӣ хеле назаррас гардида, 64 медал дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 3 медал дар олимпиадаҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, ки дар байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ нишондоди баландтарин аст. Шогирдон аз рӯйи иштирок аз фанни таъриху ҳуқуқ дар се соли охир соҳиби 15 медали ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, 4 медали тилло, 8 нуқра ва 3-то биринҷӣ гардиданд, ки ин пеш аз ҳама, баёнгари низоми хоса, меҳнати шабонарӯзии омӯзгорон, ҳамчунин, мавҷуд будани шароити мусоид ва заминаи хуби моддию техникии муассисаи таълимӣ дар самти тайёр кардани хонандагон мебошад.

       Илова бар ин, интихоби хонанда ва мувофиқати интихоби касби ояндаи хонанда, шавқу завқ, таҳия ва зина ба зина омодагӣ ба олимпиада аз рӯйи барномаҳои махсус, мунтазам ва ба таври гуногун роҳандозӣ намудани санҷишҳо тибқи муқаррароти низомнома, ба вуҷуд овардани рақобати солим, маблағгузорӣ аз ҳисоби муассиса ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгор, ҳавасмандӣ ва дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ кам кардани пардохти маблағи таълими хонанда, ҳамзамон, муносибати байниҳамдигарии хонандаю омӯзгор, эҷодкорӣ ва донишмандии омӯзгор дар ба даст овардани ғолибият дар олимпиадаҳои фаннӣ нақши бориз мебозад.

Имрӯзҳо соҳаи маорифи кишвар таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаро амалӣ намуда истодаасту ин иқдомҳо натиҷаҳои хубе ба бор овардаанд.

Умед ва итминон дорем, ки дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор низ таҷрибаи мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат роҳандозӣ карда мешавад ва ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд. 

 

Бибиҳаво Шарофова,

директори мактаб-

интернати ҷумҳуриявии

низомаш махсуси шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш