Нашрияи Омӯзгор

Ҷамъбасти озмуни “Омӯзгори сол” дар ДДҲБСТ

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 867        Шарҳ: 0

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, такмили маҳорату малакаи педагогии омӯзгорон, истифодаи боз ҳам бештари усулҳои муосири таълим, дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо ҳамасола озмуни “Омӯзгори сол” ташкилу баргузор мешавад.

Дар озмуни имсола панҷ нафар омӯзгор аз факултаҳои донишгоҳ байни ҳам рақобат намуданд. Ҳайати ҳакамон ба иштирокчиёни озмуни “Омӯзгори сол” бо назардошти холи миёнаи дарси конкурсӣ, намоиши мавод, худмуаррифӣ, баёни мавзӯи фаннӣ, саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои қонунгузории соҳаи маориф ва илм, сиёсиву иқтисодӣ, техникиву технологӣ ва таърихиву фарҳангӣ баҳогузорӣ карданд. Сармуаллимаи кафедраи менеҷменти факултаи бизнес ва идоракунӣ Шифоатхон Шарипова дар маҷмӯъ, холи аз ҳама баландро сазовор гардид. Ғолиби озмуни “Омӯзгори сол” ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2019” ва “Таронаи донишҷӯ” бо Шаҳодатнома ва мукофотҳои пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Нуъмон Раҷбзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш