Нашрияи Омӯзгор

Аттестатсия давраи масъулиятбор аст

Сана: 2018-05-23        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

Аттестатсия воситаест, ки сифати кори таълимро баланд мебардорад, масъулияти омӯзгоронро меафзояд, назорати давлатиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бештар менамояд, хонандагонро хеле серташвишу масъулиятшинос мегардонад.

Нақши оила дар ин давраи басо ҳассосу ҳалкунанда барои тақдири ояндаи фарзандон бештар эҳсос карда мешавад. Дар давраи тайёрӣ ба аттестатсияи хатму гузариш ва бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо мавқеи оила хеле калон аст. То гузаштани аттестатсияи ин ё он фанни таълимӣ бештари падару модарон худро масъул ҳис мекунанд. Аттестатсия, аз як тараф, агар хонандагонро водор кунад, ки аз дониши андухтаи худ дар назди устодону волидон ҳисоботи эҷодӣ диҳанд ва омодагии худро ба ҳаёти оянда собит намоянд, аз тарафи дигар, дар назди падару модар низ  чунин вазифаҳои  мушаххас мегузорад:

-барои фарзанд муҳайё намудани шароити  хуби  корӣ;

-озод кардани фарзанд аз корҳои вазнини саҳроӣ;

-назорати ҷиддӣ аз болои реҷаи кори вай;

-иштирок кардан дар маҷлисҳои синфӣ ва умумимактабӣ, ки дар давраи тайёрӣ ба аттестатсия гузаронида мешаванд;

-таъмин кардани фарзандон бо ашёи  хониш, адабиёти тозанашри бадеӣ ва саволномаҳои  тестӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ;

    -ҷудо намудани  хонаи  махсуси  дарстайёркунӣ;

-беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти якҷояи худ бо роҳбари синф ва муаллимони  фаннӣ;

-таъмини иштироки фарзандон дар машғулиятҳои иловагӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ;

-таъмини фарзандон бо дастури тарзи таҳияи  эссе.

Давраи аттестатсия дар ҳаёти шахсии хатмкунанда давраи масъулноктарин ба шумор меравад, зеро вай аз натиҷаи дониши гирифтааш ба устодон, дӯстону рафиқон ва падару модари хеш ҳисоботи эҷодӣ медиҳад. Хонанда бояд ҳам рӯҳан, ҳам ботинан ва ҳам ҷисман ба аттестатсияи хатму гузариш  омода бошад. Вай ҳис кунад, ки аттестатсия аз ӯ бештар дониш, малакаю  маҳорат, қобилияти эҷодкорӣ ва мустақилияту самимиятро тақозо дорад. Агар хонанда аз ҷиҳати рӯҳиву равонӣ ба аттестатсия тайёр нашавад ва ба дониши андухтаи худ боварӣ надошта бошад, вай ба ҳеҷ  гуна  комёбӣ ноил намегардад.

Аз ин рӯ, падару модар муваззафанд, ки дар давраи аттестатсия  баҳри фарзандони худ шароит муҳайё кунанд, аз раванди омодагии вай ба ин давраи басо ҳассосу тақдирсоз назорат баранд, яъне масъулияти оиларо дар ин самт бештар мегардонад. Ҳатто онҳо метавонанд барои фарзанди  худ  муаллими  хонагӣ (репетитор) гиранд.

Баъзан сабабҳои асосии душворӣ кашидани хонандагон, дилсард гардидани онҳо ба таълиму тарбия, бахусус, дар давраи  омодагӣ  ба аттестатсия аз муносибати бепарвоёнаи  иддае аз падару модарон  маншаъ мегирад. Муносибати сарди падарӣ бо фарзанд, алоқаи қавӣ надоштани оила бо мактаб, муносибати дағалонаи падар бо аҳли оила, серкорию беаҳамиятии онҳо, муҳоҷирати меҳнатии волидон боиси бепарво ва дилсард гардидани фарзанд аз таҳсил мегардад. Агар волидон хоҳанд, ки чунин ҳодисаи номатлуб рух надиҳад, бояд ҳар як амали фарзанд дар зери назорати  пайвастаи онҳо қарор дош-та бошад.

Б. Ҳайдаров,

корманди МҶТМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш