Нашрияи Омӯзгор

Офтоби сулҳу ваҳдат

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

Солҳои охир таваҷҷуҳи аҳли башар ба дӯстию иттиҳоду рафоқат ҳамвора меафзояд. Ҳамагон қотеъона ба хулосае расидаанд, ки ҳама ҷо, дар ҳама гуна ҳолат ва нисбат ба ҳама омилҳои дигар дасти ҳам гирифтану дар канори ҳам будан афзалият дорад.

Чӣ омиле боис ба ин хулосаву майли томи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта? Пеш аз ҳама, чунин ба назар мерасад, ки инсоният аз зиддияту даргириҳо, пайкору озори зиёд хаста шудаасту ба ҳаёти осоиштаю сулҳбунёд бартарӣ медиҳад. Ихтилоф тарафи ғолиб надорад ва ҳамеша ба маҳрумиятҳову нокомиҳо ва тахрибкориҳо боис мегардад. Аз зиддияту ноаҳлии сокинони сайёра неруҳои манфиатҷӯву ифротгаро ба фоидаи худ, барои аҳдофи нопоки худ истифода мебаранд, барои онҳо ноҷӯриҳои байни одамон, давлатҳову минтақаҳо чун силоҳи тавоност баҳри пиёдасозии аъмоли тахрибкоронаашон. Дар замоне, ки дигар илму техника дар сатҳи олӣ байни мамолики рушдёфта пеш рафтааст, рақобат маънӣ надорад ва чунонки сиёсатмадорон мегӯянд, дар ҷанги сеюми ҷаҳонӣ (он набояд рух диҳад!) ҳеҷ тарафе ғолиб нахоҳад шуд. Равобити ҳасанаи як қатор кишварҳои олам, ки мусоидат ба комёбиву шукуфоиҳояшон кардааст, собитгари дигари зиндагии осоишта дар асоси дӯстиву ҳамдигарфаҳмист.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ҳамчун кишвари башардӯсту хайрхоҳи тамоми инсоният шинохта шудааст. Мамлакати тоҷиконро имрӯз метавон ошёни сулҳу ваҳдат муаррифӣ кард ва воқеан, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳон дар асоси ҷамъбасти нишондодҳои соли 2019 ва бино ба мулоҳизоти шахсиятҳои маъруф яке аз кишварҳои амнтарини сайёра эътироф шудааст.

Дар тарғиби сулҳу дӯстию рафоқат дар шумори неруҳои дигари пешбару тамаддунгустар аҳли таълиму тарбия мавқеи барҷаста доранд. Зимни машғуляитҳо дар кулли таълимгоҳҳо омӯзгорон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба шогирдон аҳамияту моҳият ва бартарии дӯстиву сулҳу ваҳдатро ба таври таъсирбахшу эътимоднок шарҳ диҳанд. Дар ин самт панду ҳикмати ниёгон, гуфтаҳои андарзбори чеҳраҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ҳикояту ривофтҳои муассир ва сафҳаҳои ибратбори таърих мададгори омӯзгорони муҳтараманд.

Таълиму тарбия неруи бузурги инсонсоз аст ва чигунагии ҷомеа аз ин неру вобастагии ҷиддӣ дорад. Бинобар ин, мо – аҳли таълиму тарбияро мебояд, ки фаъолияти худро тақвият бахшида, дар бакамолрасии наслҳои созандаи оянда масъулияти ҷиддӣ дошта бошем.

Маҳбуба Қурбонова,

омӯзгори технологияи иттилоотӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш