Нашрияи Омӯзгор

Забономӯзӣ – тақозои замон

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гардиши куллие дар ҳаёти мамлакат мебахшанд, боиси рӯҳбаландии ҳамагон мешаванд ва аҳли ҷомеаро ба зиндагии шоиста, ба фардои дурахшони кишвар бештар дилгарм менамоянд. Дар Паёмҳо, маъмулан, ба умдатарин масоили иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ дахл карда мешавад.

Дар Паёмҳои Пешвои миллат, ки солҳои охир ироа шуданд, аз ҷумла, ба масъалаи забондонию забономӯзӣ ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Сарвари кишварамон набзи замонро хуб дарк менамоянд ва медонанд, ки дар шароити кунунии таҳкими муносибатҳои гуногун бо давлатҳо, неругирии раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди воситаҳои техникии иттилоотӣ забономӯзӣ ба аҳамияти  махсусан муҳим молик аст. Дар Паёми навини Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 26.12.2019 ироа гардид, боз ҳам ба таври махсус ба масъалаи омӯзиши забонҳо дахл карда шуд.

Президенти ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, таъкид ба эҳтироми забони давлатӣ, мақому мартабаи забони тоҷикӣ бинмуда, зимнан аз аҳли кишвар даъват ба амал оварданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». «Забон,-таъкид карданд Пешвои миллат,-оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем». Дар ҳақиқат, амиқ донистану самимона эҳтиром намудани забони модарӣ шарафу ифтихор аст ва заминаи боэътимодест барои омӯхтани забонҳои  дигар. Борҳо собит шудааст, ки кас забони модариашро хуб наомӯхта, дар омӯзиши забонҳои дигар ҳеҷ гоҳ муваффақ нахоҳад шуд. Сардори давлати тоҷикон борҳо таъкид кардаанд, ки дар дунёи муосир комёбии ҳар фард аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки чанд забони маъмули байналмилалиро медонад. Имрӯз, воқеан ҳам, забондонӣ тавоноист, он мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян месозад. Аз ин рӯ, дар Паём омадааст, ки  мо бояд дар баробари муҳаббат ба забони модарӣ ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа бидиҳем. Президенти мамлакат комилан дуруст гӯшзад карданд, ки мо омӯзиши забонҳоро на ба хотири худхоҳиву худнамоӣ, балки бо нияти бештар маърифатнок кардани ҷомеа, ба хотири манфиатбахшӣ ба миллату Ватан густариш бояд бубахшем. Ҳамчун омӯзгори забони русӣ ман ҷавобан ба ин даъвату дастурҳои Сарвари кишвар бар он мекӯшам, ки фаъолияти худро минбаъд боз ҳам вусъат бахшида, аз забондону маърифатманд шудани насли наврас ҳиссаи арзанда бигузорам.

 

Хайринисо Элбоева,

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш