Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи маърифатӣ дар мадди аввал

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар хусуси ҷанбаҳои гуногуни Паёми Президенти мамлакат доир ба самтҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаи маориф ва илм бо устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар суҳбат оростем, ки мухтасари он  пешкаши хонандагони наш-рия мегардад.

Гулҷаҳон Хоҷаева, директори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53, ноҳияи Шоҳмансур:

-Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба тамоми масоили соҳаҳои хоҷагии халқ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст. Махсусан, ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия, дарёфту ҷустуҷӯи роҳу шеваҳои ҷолибу шавқовари таълим, тарбияи мутахассисони варзида, бедор намудани  завқи зебоипарастӣ ва ташаккули фарҳанги мутолиаи насли наврас, ба роҳ мондани озмунҳои гуногуне, ки дар қадрдонию ҳавасмандгардонии хонандагони таълимгоҳҳо нақши муассир мебозанд, аз ҷониби Пешвои миллат дахл карда шуда, мулоҳизаву пешниҳодҳои судманд баён гардиданд. Чунин фикри Сарвари давлат басо саривақтист, ки китобхонаҳо бояд дар рушди маънавии хонандагони мактаб саҳми мондагор гузоранд, зеро маҳз дар китобхона асарҳои пурмуҳтавою хонданӣ, ки шахсро дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ва ватанпарварию эҳсоси бузурги ормонҳои миллӣ тарбия менамоянд, мавҷуд мебошад.

Фахриддин Назиров, омӯзгори  гимназияи ба номи А.Балъамии шаҳри Ваҳдат:

-Воқеан, рӯ овардан ба китоб, ба фарҳангу маънавият ягона роҳи раҳоӣ аз ҷаҳолату таассуб  ва хурофотзадагӣ мебошад. Дар ҳамин замина, соли гузашта бо ҳидояту дастури Пешвои миллат озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» роҳандозӣ гардид, ки дар такон бахшидан ба раванди мутолиаи осори бадеӣ ва бедор намудани шавқу рағбати насли наврас ба китоб, адабиёту фарҳанг гоми ҷиддӣ ба шумор меравад. Ҳамин иқдом, чунонки аз Паём бармеояд, имсол низ идома хоҳад ёфт ва дар сатҳи баланд. Хурсандиовар аст, ки солҳои охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар китобҳои зиёди бадеӣ нашр ва ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудаанд.

Исматулло Абдуллоев, директори мактаби №25, шаҳри Исфара:

-Яке аз масъалаҳои муҳим ва рӯзмарра, ки дар хусуси он дар Паёми Сарвари давлат сухан рафт, аҳамияти ҷиддӣ ва ҳаматарафа додан ба рушду пешрафти фанҳои дақиқ маҳсуб меёфт.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора ба таври мушаххас, изҳор доштанд:

«Пешниҳод менамоем, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ,  вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи  зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ  қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд». Дарвоқеъ, қадрдонию арҷгузорӣ ба заҳматҳои устодону омӯзгорон дар тарбияву омода намудани шогирдони донишманду соҳиблаёқат хеле зарур ва самаровар мебошад. Масъалаи дигаре, ки мавриди муҳокима қарор ёфт, ин  дарёфти роҳҳои беҳтару хубтари омӯзондани забонҳои хориҷӣ аз ҷониби устодону омӯзгорон дар таълимгоҳҳо ба шумор меравад.

Бобобек Раҷабов, омӯзгори мактаби №51, ноҳияи  Рӯдакӣ

-Дар Паёми навбатии Президенти кишвар масоили тарбияи хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон мавқеи калидӣ дошта, таъкид гардид, ки тамоми роҳу шеваҳои тарбиявиро ба кор бурдан лозим аст, ки ҷавонон фирефтаи гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоии террористию экстремистӣ нагарданд. Дар ин масъала, чунонки маълум аст, нақши мактаб ва ҳамкории густурдаю судманди он бо падару модарони хонандагон хеле бузург мебошад. Дар таълимгоҳи  мо ба таври мунтазам ҷамъомаду ҷаласаҳои мактабӣ бо иштироки волидони хонандагон, собиқадорони меҳнату шахсони баруманду соҳибобрӯ баргузор мегардад, ки  яке аз мавзӯъҳои муҳиму асосии он  назорати пайвастаи фарзандон аз ҷониби падару модарон мебошад.

Ибодулло Абдуллоев, мактабшинос, устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ;

-Таваҷҷуҳ ба мактабу маориф, идомаи ислоҳот дар соҳа ва таҳияву таълифи барномаву дастурҳои навину ба талаби замони муосир созгор ва китобҳои дарсӣ аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи мо, аҳли маориф ба ҳисоб меравад. Тайи чанд соли охир дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд, ки таълиф ва нашр гардидани китобҳои дарсии «Насли нав» аз ҳамин қабил мебошанд. Феълан, мо талош бар он дорем, ки дар ин самт дар иртибот бо тағйироту дигаргуниҳое, ки дар шеваю усулҳои таълим ва низоми маориф ба амал омадаанд, дар таълифи китобҳои дарсӣ саҳми худро гузорем.

Таҳияи

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш