Нашрияи Омӯзгор

Бузургдошти «Тоҷикон»

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

Қаҳрамони Тоҷикистон, олими барҷаста ва ходими намоёни сиёсӣ Бобоҷон Ғафуров 31-уми декабри соли 1909 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст ва ҳамакнун халқи тоҷик 110-солагии ин шахсияти беназирро таҷлил бинмудаву аз ӯ бо некиву бо ифтихор ёд меоварад.

Академик Бобоҷон Ғафуров барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни худ корҳои зиёдеро сомон бахшидаву асарҳои безавол офарид ва барои офаридани шоҳкитоби «Тоҷикон» азму талошу неруи зиёде ба харҷ дод. Мегӯянд, ки «бузургонро бузургони дигар поянда медоранд». Дар арафаи солгарди зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пааёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи ин сиёсатмадору таърихнигори барҷаста ба таври муфассал ва бо ихлосу эҳтирому ифтихор сухан гуфтанд ва шоҳкитоби миллат - «Тоҷикон»-ро ситоиш карданду онро ҳамчун як василаи муҳимтарини парвариши ҳисси хештаншиносию ифтихори миллӣ тавсиф бахшиданд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард». Президенти Тоҷикистон махсусан дар шароити кунунии ҷомеа, ки бештар ҳушёру бедору ватандӯст будан тақозо мешавад, зарурати рӯ ба мутолиаи «Тоҷикон» овардани ҳамагонро зарур донистанд. Огаҳӣ аз ин асари барҷаста, ҳамчунин, сатҳи маърифатмандии аҳли ҷомеаро боло мебарад. Сарвари кишвар дар Паём ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа бинмуда шавад. Ин иқдому ибтикори ватанпарваронаву маърифатпарастонаи Пешвои миллат назир надорад ва бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Президенти муҳтарами ҷумҳурии мо ғановати маънавиро аз ҳама сарватҳои дигар арҷ мегузоранд ва барояшон бедории миллату худогоҳии миллии ҳамагон муҳимтар аз омилҳои дигар мебошад.

Ҳамин тавр, дар давоми як-якумин соли оянда дар ҳар як хонадони тоҷик китоби «Тоҷикон» чун машъале фурӯзон хоҳад гашт. Худ мавҷудияти ин шоҳкитоб дар хонадон масъулиятафзою ҳушдордиҳанда хоҳад буд.

Бо супориши Пешвои миллат «Тоҷикон», инчунин, ба паҳншудатарин забонҳои байналмилалӣ тарҷумаву чоп ва нусхаи электронии он тавассути шабакаҳои интернетии иттилоотӣ дар саросари олам паҳн мешавад.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаи қавии маърифатию фарҳангиро дорост ва месазад, ки ҳар яки мо онро батакрор омӯзему аз муҳтавояш баҳрабардорӣ намоем.

 

Дилором ТАНГАХОНОВА,

Санавбар қосимова,

омӯзгорони гимназияи иқтисодӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш