Нашрияи Омӯзгор

Равшангари роҳи бунёдкорӣ

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Ватанамон саҳифаи навро мекушояд ва мардуми кишварро ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун месозад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвар ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Сол аз сол зиёд гардидани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, бунёди мактабҳои нав гувоҳи иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти кишвар мебошад.

Таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз мақсадҳои меҳварии Паём маҳсуб мешавад, ки дар ҷавҳари он тадбирҳои дурандешона ва пайванди мустаҳкам бо амалкарди ҳадафҳои ояндасоз қарор гирифтаанд. Президенти ҷумҳурӣ роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сатҳу сифати таълимро баланд бардоранд. Инчунин, таъкид намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр карда, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ карда шаванд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Ин пешниҳод бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мавриди омӯзиши амиқ қарор гирад ва барои амалӣ гаштани он тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешида шаванд.

Яке аз роҳҳои майлу рағбат пайдо намудани хонандагону донишҷӯён ба илмҳои дақиқ ва техникӣ ширкат варзидани толибилмон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор карда шаванд.

Дарвоқеъ, мо ба ҳадафҳои наҷиби хеш ва татбиқи ин пешниҳоду ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сурате мушарраф мегардем, ки мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замони имрӯз омода намоем. Масъулияти тайёр кардани чунин мутахассисон, пеш аз ҳама, ба дӯши омӯзгори соҳибкасб, хирадманду дилсӯзи халқу миллат вогузор аст.

Иқдом ва талошҳои ҳар нафар омӯзгор ва корманди илмӣ дар замони нуфузи донишҳои муосир ва афзалияти маълумот барои боло бурдани сатҳу сифати таълим заминаи муҳимме дар роҳи расидан ба мақсадҳои бузурги мо ҳоҳад гузошт.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, дастурамали омӯзишию корбарӣ ва маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда барои аҳли ҷомеа мебошад.

 

Файз ГУЛМАДОВ,

доктори илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш