Солҳои охир таваҷҷуҳ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ меафзояд. Агар ин раванд тақозои замон бошад, аз дигар ҷиҳат, боло рафтани завқи наврасону ҷавононро нисбат ба кадрҳои коргарӣ муайян менамояд.
Онҳое, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва касбиро хатм мекунанд, дар давоми кор ихтиёр доранд, ки ба ин ё он муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (аз рӯйи ихтисос) ҳуҷҷат супорида, таҳсилро ба таври ғоибона идома диҳанд. Баъзан сару садоҳоеро байни ҷавонон мешунавем, ки гӯё хондан дар ин ё он муассисаи таълимӣ бефоида, аст зеро пас аз соҳиби ҳуҷҷат (диплом) гардидан ҷойи кор пайдо намудан амри муҳол мегардад. Ин ақида хоҳ- нохоҳ диққати касро ба худ ҷалб намуда, беихтиёр суолеро пеши рӯ меорад, ки оё дар ҳақиқат, чунин андеша дуруст аст? Агар «ҳа», пас чӣ бояд кард? Айб дар ош аст ё дар мош?
- Ин ҳама баҳонае беш нест, - изҳори норизоӣ намуд директори коллеҷи технологии шаҳри Конибодом Музаффар Ҳомидов.- Фикр мекунам, ки ҳамааш ба аҳли муассисаи таълимӣ вобаста аст. Агар шароити хуби таҳсил ташкил гардад, устод аз сидқи дил ба шогирд дарс омӯзонад, ҳангоми фирис-тодан ба таҷрибаомӯзӣ ӯро назорат барад, дар ниҳояти кор вай мутахассиси соҳибҳунару варзида шуда, харидор ҳам пайдо менамояд. Албатта, барои то ба кадом дараҷа мутахассиси даркорӣ шудан аз худи хонандагон низ вобастагии калон дорад. Агар хонанда аз устодону падару модарон худро канора гираду аз рӯйи маслиҳати онҳо амал нанамояд, на ҷойи кор меёбаду на касе мешавад, ки ҷомеа аз вай фоида бинад. Фориғболиву дарсгурезӣ ӯро дар оянда соҳибэҳтиром нахоҳад кард.
Бино ба гуфти директор, шогирдони коллеҷи технологӣ дар корхонаҳои гуногун вобаста ба ихтисосашон фаъолият менамоянд. Директори коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов Салимҷон Мирмуҳсинов изҳор менамояд, ки аз тарафи роҳбарияти коллеҷ барои беҳтар намудани фаъолияти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо муассиса, идораву корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Бо назардошти тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ, муҳосибот, муҳандисӣ, хоҷагии қишлоқ, таъминоти алоқа ва шабакаҳои телевизионӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Истаравшан, ҶСШК «Тоҷиктелеком», «Селхозтехника», Бонки давлатии «Амонатбонк», хоҷагии кооперативии ба номи А. Самадов, ҶСШК «Бунёд», ҶСШК «Сорбон» - и шаҳри Хуҷанд шартномаҳо ба имзо расидаанд. Чунин ҳамкориҳо имкон медиҳанд, ки дар оянда шогирдон бе ягон мушкилот ва дудилагӣ дар корхонаҳои мазкур қабул гардида, фаъолияташонро пеш баранд. Аслан, онҳое даъвои набудани ҷойи корро мекунанд, ки пеш аз ҳама худашон касбро дуруст интихоб накарда, барои ҳавову ҳавас ба ин ё он таълимгоҳ дохил шудаанд. Баъзеҳоро падару модарон зӯран ба ин ё он муассиса дохил мекунанд, ки ин амал поёмади хуб надорад.
Баъзе аз муассисаҳои таълимӣ барои пешрафти фаъолияти серпаҳлуяшон ҳамкориро ҳам бо корхонаҳои ватанӣ ва ҳам бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳанд. Масалан, Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ягона муассисае дар шимоли кишвар мебошад, ки муҳандисони соҳаи сохтмон ва меъмориро омода мекунад. Дар ин ҷо барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, як маркази омӯзишӣ дар хизмати донишҷӯён қарор дорад. Ҳамкории донишкада сол аз сол рушд карда, аксари донишҷӯён аллакай дар курси сеюм берун аз машғулият бо кор таъмин мешаванд. Бо дастгирии директори генералии ширкати сохт-монии «Тиниал» Зафар Охунов соли чорум аст, ки як гурӯҳ донишҷӯёни донишкада ба ширкати сохтмонии «Довей» - и ҶХХ рафта, таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Онҳо давоми даҳ рӯз бо тамоми технологияҳои нави сохтмонӣ, конструксия ва металлҳои гуногун, ки дар сохтмони он ҷо истифода мешаванд, шинос гардида, донишашонро афзун мегардонанд. Ин ширкат ҳамасола бештар аз даҳ мутахассисро ба кор ҷалб мекунад.
Бояд гуфт, ки чунин ташаббусро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ роҳандозӣ кардан ҳеҷ мушкилие надорад. Муовини директори коллеҷи муҳандисӣ – техникии шаҳри Роғун Кирмоншоҳ Мустаҷобов мегӯяд, ки коллеҷи мазкур барои НБО ҶСШК Роғун мутахассис тайёр менамояд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ байни коллеҷу неругоҳ сол то сол густариш ёфта, шогирдон ҳам пас аз хатми коллеҷ бемамониат ҷойи кор пайдо карда метавонанд.
Дар суҳбатҳо баъзе аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз он изҳори норизоӣ менамоянд, ки як идда шогирдон аз тарафи роҳбарони корхонаҳо ҷавоби рад мегиранд ё қабули онҳоро пас аз чанд моҳ ва ё як сол хоҳон мешаванд. Бархи дигар иддао доранд, ки ба корхонаи онҳо танҳо мутахассисони таҷрибадор қабул мегарданд. Ин ҷо тазодде ҳаст. Модоме ки шогирд акнун муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбиро хатм намудааст, яъне ӯро мувофиқи қобилияташ бояд ба кор пазируфт, то фаъолият намояду ҳам собиқаи корӣ пайдо ва ҳам таҷриба ҳосил гардад. Мутаассифона, роҳбарони он муассисаҳое, ки роҳхаташон бозпас гардонда мешаванд, аз рӯйи беғайратӣ ва бетарафиашон наметавонанд ин мафҳумро ба роҳбарони корхонаҳо фаҳмонанд. Оё аз рӯйи инсоф аст, ки ду – се сол ба шогирд касб омӯзониву ба тақдири ояндаи ӯ бефарқ бошӣ?
Директори коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе Давлатзода Баҳодур Давлат аз он изҳори хушнудӣ кард, ки дар масъалаи пайдо намудани ҷойи кори ояндаи шогирдонашон бо мушкилӣ мувоҷеҳ нестанд. Аксаран худи бачаҳо дар ин маврид ташаббускоранд. Аксари онҳо пас аз хатми коллеҷ худашон ҷойи кор меёбанд. Соли гузашта тибқи талабот дар мувофиқа бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф маъмурияти коллеҷ ду шуъбаи нав таъсис дод: санъати эстрада, овозхонӣ ва мусиқии эстрадӣ. Ҳоло шогирдон дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва муассисаҳои олии соҳаи санъат донишашонро такмил медиҳанд. Панҷ нафар хатмкардаи коллеҷ ба Консерваторияи миллии шаҳри Москва фиристода шуданд. Як қисми онҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ кор карда истода, дар навбати худ таҳсилро ба таври ғоибона давом медиҳанд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо ба масъалаи мактабу маориф, аз ҷумла, тайёр намудани кадрҳои коргарӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ин нукта дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат низ қайд гардид. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардондани сатҳи касбияти шаҳрвандон ҳар сол беш аз 100 ҳазор ҷавону калонсол ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, барои такмил додани донишу малака, ҳунару маҳорат ва фаъо-лияти минбаъдаи шогирдонашон аз усулҳои нави таълим истифода бурда, онҳоро соҳибкасб намоянд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр